Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон чанд иншооти муҳим, аз ҷумла як бунгоҳи тиббӣ аз таъмири куллӣ бароварда шуд.
Тавре зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷамоати шаҳраки Палос иттилоъ дода шуд, бунгоҳи тиббии ҷамоат соли 1963 сохта шуда шуда, он маротибаи охир соли 2009 аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда буд.
Бинобар ин, бо мақсади беҳтар намудани шароити корӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ бунгоҳ бо фармоиши Муассисаи давлатии кўмаки аваллияи тиббию санитарии шаҳри Бўстон ба маблағи 160 ҳазор сомонӣ мавриди таъмир қарор гирифт.
Маврид ба зикри хос аст, ки имрӯзҳо бунёд ва таъмиру тармими тамоми муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла марказ ва бунгоҳҳои саломатӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат бо суръати баланд идома дорад.
Айни замон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба сокинони мамлакат тамоми чораҳои заруриро рӯи кор гирифтааст.