Имрӯзҳо дар муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 693 ҳуҷраҳои махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ барои гузаронидани хатнаи кӯдакон ташкил гардида, ҳамзамон давоми нимсолаи якуми соли 2020 ба 26715 нафар кӯдакон амалиёти хатна ба таври ройгон гузаронида шудааст.
Ташкил гардидани ҳуҷраҳои махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ барои гузаронидани хатнаи кӯдакон ва гузаронидани амалиёти хатна ба таври ройгон, маҳз зери фаъолияти густурдаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иҷрои дастур ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бароҳ монда шудааст.
Иқдомоти мазкур бо мақсади беҳтар намудани дастрасии хизматрасонии тиббӣ ба кӯдакон, танзими заминаи ҳуқуқии татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 августи соли 2017 рӯи даст гирифта шудааст. Дар ин доира, инчунин фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2018 оид ба «Тартиби гузаронидани амалиёти хатнаи кӯдакон», аз 18 майи соли 2018 “Дар бораи тасдиқи ҳуҷҷатҳои бақайдгирию омори соҳавии муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузаронидани амалиёти хатнаи кӯдакон” ва аз 2 июли соли 2018 “Дар бораи тасдиқ намудани рӯйхатҳои таҷҳизоти зарурӣ барои ҳуҷраҳои хатнаи кӯдакон” ба тасвиб расида, айни ҳол амалӣ шуда истодаанд.