Давоми соли 2019 ҷиҳати пурзӯр намудани инфрасохтори соҳа ва бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои табобатию пешгирӣ бо таҷҳизотҳои тиббии муосир ва бо ин васила баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва шарикони рушд ба зиёда аз 72 муассисаҳои тандурустию ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар таҷҳизотҳои муосири тиббӣ, дастгоҳи рентгени рақамии беморхонагӣ, дастгоҳи рентгени рақамии флюрографӣ ва сайёр, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ тамғаҳои “РО-6” ва “РО-9”, гастрофиброскоп, бронхоскоп, таҷҳизоти ташхиси фаросавтии доплерӣ бо 2 датчик, маҷмӯъҳои ҷарроҳӣ, автоклавҳо, оксигенераторҳо, инфузоматҳо, дастгоҳҳои физиотерапевтӣ, дастгоҳи сабти барқии дил, дефибрилятор, дастгоҳ барои ҷарроҳии чашм, дастгоҳ барои шинондани мӯи сар, лавозимоти луҳобикаш, маводҳои истифодаи яккарата, яхдонҳо, нақлиёти санитарии махсусгардонидашуда (амбуланс), автомашинаҳои сабукрави тамғаи «Нива», мошинаҳои боркашони махсусгардонидашудаи яхдондор, катҳо ва рахтҳои хоб ва ғайра ба маблағи зиёда аз 180 миллион сомонӣ харидорӣ ва дастрас карда шудаанд.
Танҳо дар ин давра аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор муассисаҳои табобатию пешгирии ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 15 744 380 сомонӣ таҷҳизот ва асбобҳои тиббӣ, мебел ва молҳои тиббӣ (Дастгоҳи рентгени рақамии беморхонагӣ, дастгоҳи рентгени рақамии флюрографӣ ва сайёр, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ тамғаҳои “РО-6” ва “РО-9”, гастрофиброскоп, бронхоскоп, таҷҳизоти ташхиси фаросавтии доплерӣ бо 2 датчик, анализатори биохимиявӣ бо маҷмӯи реагентҳо, дастгоҳҳои физиотерапевтӣ, дастгоҳи сабти барқии дил, дефибрилятор, дастгоҳ барои ҷарроҳии чашм, дастгоҳ барои шинондани мӯи сар, дастгоҳҳои кашиши барқии ҷарроҳӣ ва гинекологӣ, мизи ҷарроҳӣ, генератори оксигендиҳӣ, чароғи ҷарроҳӣ, монитори назди кати бемор, автоклав, гемоанализатор, анализатори имунноферментӣ, инфузомат, перфузор ва ғайра) дастрас гардидаанд.
Маврид ба зикр аст, ки танҳо дар ду соли охир 320 номгӯи таҷҳизоти тиббӣ, фарматсевтӣ ва технологияҳои навтарин барои истеҳсоли доруворӣ дар ҳаҷми 950 миллион сомонӣ ворид гардида, барои муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳо 150 воситаи нақлиёти санитариву махсусгардонидашуда харидорӣ карда шудааст.