Ҷиҳати фароҳам овардани дастрасии бештари аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш фаъолият дар самти мазкур дар соли 2018 давом дода шуд.
Давоми соли 2018 аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» ба 104 нафар бемор амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии гурда ва ба 10 нафар ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронида шуд.
Ҳамзамон, ҷиҳати коҳиш додани шумораи нафароне, ки ба хориҷи кишвар барои ташхис ва табобат сафар мекунанд, дар заминаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» шӯъбаи пайвандсозии мағзи устухон фаъолият дошта, то имрӯз ба 7 нафар бемор амалиёти пайвандсозии мағзи устухон гузаронида шудааст.
Мавриди зикр аст, ки то имрӯз дар Маркази мазкур ба 77 нафар шаҳрвандони хориҷӣ амалиёти пайвандсозии узвҳо гузаронида шудааст, ки аз ин шумора 27 нафар аз Ҷумҳурии Озарбойҷон, 21 нафар аз Ҷумҳурии Қирғизистон, 16 нафар аз Исроил ва боқимонда аз кишварҳои мухталиф мебошанд.
Соли 2018 дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо», Маркази вилоятии ҷарроҳии дилу рагҳои шаҳри Хуҷанд, Маркази тибби хусусии «Ибни Сино» ва Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил», дар маҷмӯъ 1624 амалиёти ҷарроҳӣ дар дилу рагҳо (дар соли 2017-1272), 1434 амалиёти ангиография (дар соли 2017- 1197) ва 418 амалиёти ангиопластика ва стентгузорӣ (дар соли 2017-311), инчунин дар муассисаҳои тиббии мамлакат давоми давраи ҳисоботӣ ба 194 нафар бемор амалиёти ҷарроҳии иваз намудани буғум ба буғуми сунъӣ (дар соли 2017-190) гузаронида шуд.