Ба истифода додани марказҳои саломатии замонавӣ дар ноҳияи Деваштич

Ба истифода додани марказҳои саломатии замонавӣ дар ноҳияи Деваштич
Сентябр 05
09:37 2018

Дар доираи  омодагӣ ва таҷлили 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо супориши  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар чанде аз ноҳияҳои вилояти Суғд, бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасинии тиббӣ” ки аз тарафи  Бонки умумиҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, чанд марказҳои саломатии деҳот сохта, мавриди истифода қарор гирифта истодаанд. Аз ҷумла  дар ноҳияи Деваштич бо иштироки раиси ноҳия  Марказҳои саломатӣ дар деҳаҳои Метк, Далёни поён ва Хуштоири мухлон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Сокинони ин деҳаҳо, хурду бузург, дар маросими ифтитоҳи ин муассисаҳои тандурустӣ ширкат варзида, миннатдории худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд. Ба қавли сокинон ва кормандони  муассисаҳои тандурустӣ аҳолии ин маҳалҳо  тӯли солҳои зиёд сарсону саргардон ба маркази ноҳия ва вилоят барои ташхису табобат мерафтанд, зеро дар деҳаҳои худашон имкони хуби  гирифтани хизматрасонии тиббиро надоштанд. Бо вуҷуди  будани табибону кормандони миёнаи тиб онҳо имкони  табобат ва ташхиси саривақтиро надоштанд. Имрӯз муассисаҳои тиббие, ки ба истифода дода шуданд дар баробари биноҳои наву замонавӣ ҳамчунин бо мебелу таҷҳозоти махсуси тиббӣ ҷиҳозонида шуданд.Дар ҳар як муассиса ҳуҷраҳои махсус барои хатна ҷудо карда шудааст. Таъмин бо таҷҳизоти  лабораторӣ яке аз  пешравиҳои дигари ин марказҳост. Маврид ба тазаккур аст, ки дар муассисаҳои тандурустии баистифодадодашуда, ҳамчунин  батареяҳои офтобӣ насб карда шуданд, ки барои таъмини ҳамешагии муассисаҳо бо қувваи барқ имкон фароҳам меоварад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки набудани таҷҳизоти лабораторӣ боиси  саргардонии бештари мардуми маҳал ва сари вақт  ва дақиқ муайян нагардидани  бемориҳост. Бо  ворид гардидани ин таҷҳизот сокинони деҳаҳо имкон пайдо карданд, ки дар маҳалли зисти худ сари вақту бо сифати баланд  ташхису табобат карда шаванд. Хурсандии кормандони муассисаҳои тиббиро низ ҳадду канор набуд. Имрӯз онҳо аз муассисаҳои ба талабот умуман ҷавобгуй набуда, аз  утоқҳои пасту вайрон ва кӯҳнаву фарсуда ба  маркази хушсохти замонавӣ, ки дорори беҳтарин  таҷҳизоти тиббиву корӣ мебошад, гузаштанд. Дар маросими ифтитоҳи ин муассисаҳо раиси ноҳияи Деваштич ва масъулони Раёсати тандурустии вилояти Суғд ширкат варзида, умед бар он доранд, ки сатҳу сифати хизматрасонӣ дар ин муассисаҳо ба маротиб боло хоҳад рафт ва дар самти ҳифзи сиҳатии мардуми кишвар саҳми арзандае хоҳанд гузошт.

Иншоотҳои дигари тандурустӣ ба истиқболи таҷлили 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳияҳои Масчоҳ, Ҷаббор Расулов ва Деваштич мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Ноябр 2023
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« அக்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 189
  • 1,171
  • 723,252