Декабр 14
14:14
2021
Имрӯз, 14 декабри соли равон бо иштироки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода пас аз таъмири асосӣ шӯъбаи якуми мардонаи Муассисаи давдатии “Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои равонӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, шӯъбаи мазкур бо маблағгузории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони саховатпеша дар ҳаҷми беш аз 2 миллион сомонӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо таҷҳизот ва лавозимоти муосир ҷиҳозонида шудааст.