Ба итмом расидани таъмири куллии 4 Маркази саломатӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Ба итмом расидани таъмири куллии 4 Маркази саломатӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Феврал 28
09:53 2023

Тибби оилавӣ ва рушди низоми хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои кӯмаки аввалия тиббӣ, ки заминаи пешгирии хуруҷи бемориҳо ва таъмини сиҳатии сокинон дониста мешавад аз рӯзҳои аввали Соҳибистиқлолӣ зери таваҷҷӯҳи роҳбарити олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт.  Татбиқ гардидани Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Умумиҷаҳонӣ роҳандозӣ гардидааст, дар рушди низоми хизматрасонии тиббӣ муассисаҳи кӯмаки аввалияи тиббии як қатор ноҳияҳои кишвар аз ҷумла яке аз ноҳияҳои нави таҷрибавӣ ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ назаррас арзёбӣ мегардад.

Агар танҳо ба дасторвадҳои ҳосилшуда зимни татбиқи Лоиҳаи мазкур  дар самти таъмири Марказои саломатӣ назар афканем   дида мешавад, ки дар дар соли 2022 таъмири капиталии 5 марказ, аз ҷумла:Марказҳои саломатии деҳоти “Гулобод”,   “Яккатут”,   “Баҳор”,     “Ғалаба” ва “Меҳнат”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ шурӯъ шуда ба ҳолати феълӣ 4 марказ аз таъмири куллӣ бароварда шуда, бо муосиртарин дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ таъмин гардид ва дар хизмати мардум қарор дорад.

Ҳамзамон аз аввали соли 2022   дар марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои саломатии ноҳия   дар доираи татбиқи маблағгузории аз рӯи натиҷаҳои фаъолият 157260,72 доллари ИМА дар шакли иловапулӣ ба кормандон ва барои нигаҳдории Марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои саломатии ноҳия пардохт карда шудааст.

Бо мақсади беҳтаргардонии иқтидори кадрии сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия 26 нафар мутахассисон  бо давраҳои бозомӯзии тибби оилавӣ фаро гирифта шуданд.  Дар баробари ин, бо мақсади беҳтаркунии заминаи моддию техникии муассисаҳои КАТС-и ноҳия   7 адад ноутбук барои маркази саломатии деҳот ба маблағи 4969,5 доллари ИМА, 10 адад борхалтаҳои тиббӣ барои кормандони миёнаи тибб ба маблағи 2901,7 доллари ИМА, таҷҳизотҳои тиббӣ ба маблағи  67165,23 доллари ИМА, 5 адад генератор ва 5 адад обгармкунаки офтобӣ ба маблағи 31275,00 доллари ИМА, як адад автомашинаи хизмати ва маводҳои иттилоотӣ оид ба муроҷиати шаҳрвандон ба маблағи 296,79 доллари ИМА харидорӣ ва дастрас карда шуд.    Аз аввали соли 2022 корҳои таъмири  дар 5  маркази саломатии деҳот оғоз ва барои иҷроиши он  137349,4 доллари ИМА пардохт карда шудааст. Ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшуда дар ноҳия аз аввали соли 2022 –  398 144,36  доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки аз аввали татбиқи Лоиҳа  дар марказҳои саломатии деҳот ва бунгоҳҳои саломатии ноҳия   дар доираи татбиқи маблағгузории аз рӯи натиҷаҳои фаъолият 194237,29 доллари ИМА дар шакли иловапулӣ ба кормандон ва барои нигаҳдории МСД ва БС-ии ноҳия пардохт гардидааст.

Аз аввали татбиқи Лоиҳа ба ноҳияи мазкур бо мақсади  беҳтаргардонии иқтидори кадрии сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия аз аввали татбиқ як қатор даврҳои омӯзишӣ  гузаронида шуданд, ки  дар онҳо  447 нафар  мутахассисон иштирок намуданд.   Аз аввали татбиқи Лоиҳа бо мақсади беҳтаркунии заминаи моддию техникии муассисаҳои КАТС-и ноҳия таҷҳизотҳои компютерӣ  ба маблағи    38329,71 доллари ИМА, 133 адад борхалтаҳои тиббӣ  ба маблағи 43094,93 доллари ИМА,  7 адад қуттиҳо барои муроҷиати хаттии шаҳрвандон ба маблағи 240,97 доллари ИМА, таҷҳизотҳои тиббӣ ба маблағи 67165,23 доллари ИМА, 5 адад генератор ва 5 адад обгармкунаки офтобӣ ба маблағи 31275,00 доллари ИМА, як адад автомашинаи хизмати ва маводҳои иттилоотӣ оид ба муроҷиати шаҳрвандон ба маблағи 296,79 доллари ИМА харид намудааст. Бо мақсади такмили инфрасохтори муассисаҳои КАТС-и ноҳия дар доираи Лоиҳаи гузаронидани корҳои таъмири дар 5  маркази саломатии деҳот  ба назар гирифта шудааст. Аз аввали татбиқи лоиҳа барои гузаронидани корҳои таъмири дар марказҳои саломатии деҳоти ноҳия  137349,4 доллари ИМА пардохт карда шудааст.    Дар баробари ин ҳама корҳои назарраси ба сомонрасида татбиқи Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бомаром идома дорад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 918
  • 1,219
  • 899,334