Ба марказҳои саломатӣ неруи иловагии табибон сафарбар карда мешаванд

Ба марказҳои саломатӣ неруи иловагии табибон сафарбар карда мешаванд
Май 23
14:37 2020

Тибқи дастури роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пурзӯр намудани фаъолияти хизматрасонии тиббӣ ба як қатор  марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳои кишвар гурӯҳҳои иловагии табибон сафарбар карда мешаванд.

Ин масъала  имрӯз, 23 май зимни баргузории як ҷаласаи корӣ бо иштироки  Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода  мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бояд гуфт, ки гурӯҳҳои  иловагии табибон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати беморони сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ба мутахассисони ноҳияҳои пешбинишуда кӯмаки касбӣ мерасонанд.

Тибқи нақшаи пешбинишуда, зина ба зина фаъолияти ҳамаи марказҳои саломатии деҳот мавриди санҷиш қарор  дода шуда, ҳамзамон дар сафи гурӯҳҳои мазкур табибони ҷавон низ сафарбар карда хоҳанд шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 735
  • 1,103
  • 947,473