Ба Маркази ҳамоҳангсозӣ барои муқовимати фаврӣ ба COVID -19 таҷҳизоти техникӣ ва иттилоотӣ дастрас гардид

Ба Маркази ҳамоҳангсозӣ барои муқовимати фаврӣ ба COVID -19 таҷҳизоти техникӣ ва иттилоотӣ дастрас гардид
Июн 12
15:32 2020

Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон иқдоми Вазорати тандурустӣ ва  ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таъсиси  Маркази ҳамоҳангсозӣ  барои муқовимати фаврӣ ба COVID -19 дастгирӣ  намуд.

Имрӯз, 12 июни соли равон Зимни супоридани таҷҳизоти техникӣ ва иттилоотӣ ба Маркази ҳамоҳангсозии иттилоотӣ муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, Намояндаи доимии Барноми Рушди СММ дар Тоҷикистон Пратибҳа Меҳта иштирок намуданд.

Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода зимни суханронии хеш иброз намуд, ки фаъолияти Маркази ҳамоҳангсозӣ дар вазорат имкон фароҳам овард,  ки то имрӯз як қатор видеоконфронсу вохурӣ ва ҷаласаҳои вазорат ба тариқи он доир шаванд. Инчунин, бо мақсади табодули таҷриба дар роҳи пешгирӣ ва табобати беморони COVID-19 бо иштироки мутахассисони соҳаи тибби Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва роҳбарону кормандони беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат  чандин суҳбатҳои видеоӣ баргузор карда шуда, дар ҷараёни онҳо роҳҳои пешгирӣ ва табобати ин беморӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Илова бар ин,  бо иштироки сармутахассисони соҳавии вазорат ва табибони шаҳру ноҳияҳои кишвар ба воситаи Маркази ҳамозангсозӣ низ якчанд машғулиятҳои омӯзишии онлайнӣ доир гардида, аз ҷониби олимони соҳа ба онҳо тавсияҳои муфид дода шуд.

-Ҳамзамон, қайд намудан ба маврид  аст, ки ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷамъбаст намудани фаъолияти вазорат дар семоҳаи аввали соли 2020 низ ба тариқи Маркази ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид, ки дар он сардорони раёсатҳо ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии мамлакат иштирок ва аз фаъолияти семоҳаи хеш ҳисобот доданд”, – афзуд муовини  якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода.

Дар охир  ҷиҳати тақдими таҷҳизоти техникӣ ба маркази ҳамоҳангсозии мазкур ҷонибҳо созишнома ба имзо расониданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 377
  • 1,099
  • 923,589