Ба маркази матбуоти вазорат таҷҳизоти техникӣ дастрас гардид

Ба маркази матбуоти вазорат таҷҳизоти техникӣ дастрас гардид
Феврал 03
08:12 2021

Дар доираи маблағгузории “Лоиҳаи фавқуллодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ ҷиҳати таҳким ва рушди иқтидори Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 номгӯи таҷҳизоти техникӣ, аз ҷумла дастгоҳи рақамии наворбардор ва пахшкунанда, компютер, асбобҳои аксбардор ва чопкунанда, принтери ранга ва дигар воситаҳои техникӣ ба маркази  мазкур харидорӣ  ва дастрас карда шуд.

Маросими тақдими таҷҳизоти техникии мазкур 2 феврали соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, намояндагони “Лоиҳаи фавқуллодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон”-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки ҳадаф ва мақсади дастрас гардонидани чунин техника ва таҷҳизотҳои замонавӣ ба маркази матбуоти вазорат ин пеш аз ҳама сифатан беҳтар сохтани маводҳои журналистӣ, тақвияти кори кормандони маркази матбуот ва дар ин замина боз ҳам баланд бардоштани мақоми вазорат дар фазои иттилоотии мамлакат ба шумор меравад.

Бояд гуфт, ки иқдоми мазкур бо мақсади тақвият бахшидани чорабиниҳои иттилоотӣ дар самти пешгирии сирояти COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи огоҳонӣ ва дарки ҳамаи табақаҳои аҳолӣ аз хавфу оқибатҳои имконпазири пандемия амалӣ карда шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 685
  • 1,103
  • 947,423