Ба Тоҷикистон 2 миллион вояи ваксинаи “КоронаВак” ворид гардид

Ба Тоҷикистон 2 миллион вояи ваксинаи “КоронаВак” ворид гардид
Июл 28
12:46 2021

Субҳи имрӯз, 28 июли соли равон бо ташаббуси Ҳукумати Тоҷикистон ба ҷумҳурӣ 2 миллион вояи ваксинаи “КоронаВак”-и истеҳсоли ширкати “Sinovac Research & Development Co. Ltd” -и Ҷумҳурии Халқии Хитой  ворид гардид.

Дар маросими қабули вояҳои ваксинаи макзур дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, Абдухолиқ Амирзода, муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ, намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Тоҷикистон, намояндаи дафтари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Қайд гардид, ки соли 2020 вобаста ба пайдоиш ва паҳншавии сирояти нави коронавирус дар ҷаҳон барои ҳар ду давлат мушкилиҳои зиёдеро ба бор овард, аз ҷумла маҳдуд гардидани робитаҳои байналмилалӣ, гардиши молу маҳсулот, то дараҷае коҳиш ёфтани истеҳсоли молҳои саноатию техникӣ ва хӯрокворӣ таъсир ва оқибатҳои ин сироят маҳсуб меёбад.

Бояд тазаккур дод, ки новобаста ба мушкилиҳои пешомада маҳз дар заминаи равобити дӯстона аз ҷониби кишвари  дӯст ва шарики стратегӣ-Ҷумҳурии Халқии Хитой кӯмакҳои ҳамаҷониба ҷиҳати мубориза ва пешгирии сирояти ҳамагир ба  Тоҷикистон  расонида шуданд.

Дар робита ба муборизаи дастаҷамъона бар зидди сирояти коронавирус ҳанӯз зимни сӯҳбати телефонӣ, ки 1 марти соли 2021 байни  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин сурат гирифт, қайд гардид, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин омодааст барои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон миқдори муайяни ваксинаҳои истеҳсоли ин давлатро ба ҳайси кӯмаки башардӯстона ироа намояд.

Ёдовар мешавем, ки шаби 20 июни соли равон низ пас аз ба тавофуқ расидани ҷонибҳо, анҷом додани барасмиётдарории ҳуҷҷатҳо ва инчунин дарёфти шароити интиқоли ваксинаҳо, бо ташаббуси ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, дастгирии вазоратҳои корҳои хориҷ ва тандурустии ин ду кишвар, инчунин дастгирии техникию молиявии “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой”  шоми 20 июни соли равон ба Тоҷикистон  300 ҳазор вояи ваксинаи “КоронаВак”-и истеҳсоли ширкати “Sinovac Research & Development Co. Ltd” -и Ҷумҳурии Халқии Хитой ва 300800 адад сӯзандоруҳо ворид гардиданд.

Бояд гуфт, ки ваксинаҳои мазкур дар анборҳои махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаҳдорӣ шуда, тибқи нақшаи миллӣ ба табақаҳои пешбинишудаи аҳолӣ  гузаронида мешаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 918
  • 1,219
  • 899,334