Ба Тоҷикистон 300 ҳазор вояи ваксинаи “КоронаВак” ва 300800 адад сӯзандоруҳо аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ворид гардиданд

Ба Тоҷикистон 300 ҳазор вояи ваксинаи “КоронаВак” ва 300800 адад сӯзандоруҳо аз Ҷумҳурии Халқии Хитой  ворид гардиданд
Июн 20
20:48 2021

Пас аз ба тавофуқ расидани ҷонибҳо, анҷом додани барасмиётдарории ҳуҷҷатҳо ва инчунин дарёфти шароити интиқоли ваксинаҳо, бо ташаббуси ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, дастгирии вазоратҳои корҳои хориҷ ва тандурустии ин ду кишвар, инчунин дастгирии техникию молиявии “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой”  шоми имрӯз, 20 июни соли равон ба Тоҷикистон ба 300 ҳазор вояи ваксинаи “КоронаВак”-и истеҳсоли ширкати “Sinovac Research & Development Co. Ltd” -и Ҷумҳурии Халқии Хитой ва 300800 адад сӯзандоруҳо ворид гардиданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе маросими расмии таҳвил ва қабули ваксинаҳо ба Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салимӣ, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии  Халқии Хитой дар Тоҷикистон Лю Бин ва дигар ашхоси расмӣ иштирок намуданд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода аснои қабули расмии ваксинаҳо иброз намуд, ки Ҷумҳурии Халқии Хитой бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шарики боэътимоди стратегӣ муаррифӣ гардидаанд.

Гуфта шуд, ки дар ин раванд байни ин ду ҷумҳурӣ солҳои охир робитаҳои иқтисодию иҷтимоӣ боз ҳам густариш ёфта, лоиҳаҳои азим роҳандозӣ гардида истодаанд.

“Аз  номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи онҳое, ки дар иҷрои супориши роҳбарияти ду кишвар ҷиҳати воридот ва дастрасии ваксинаҳо ба ҷумҳурӣ саҳмгузорӣ намуданд, изҳори миннатдорӣ баён менамоям,-иброз дошт вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода.

Қайд гардид, ки соли 2020 вобаста ба пайдоиш ва паҳншавии сирояти нави коронавирус дар ҷаҳон барои ҳар ду давлат мушкилиҳои зиёдеро ба бор овард, аз ҷумла маҳдуд гардидани робитаҳои байналмилалӣ, гардиши молу маҳсулот, то дараҷае коҳиш ёфтани истеҳсоли молҳои саноатию техникӣ ва хӯрокворӣ таъсир ва оқибатҳои ин сироят маҳсуб меёбад.

Бояд тазаккур дод, ки новобаста ба мушкилиҳои пешомада маҳз дар заминаи равобити дӯстона аз ҷониби кишвари ба дӯст ва шарики стратегӣ кӯмакҳои ҳамаҷониба ҷиҳати мубориза ва пешгирии сирояти ҳамагир расонида шуданд.

Дар робита ба муборизаи дастаҷамъона бар зидди сирояти коронавирус зимни сӯҳбати телефонӣ, ки 1 марти соли 2021 байни  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин сурат гирифт, қайд гардид, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин омодааст барои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон миқдори муайяни ваксинаҳои истеҳсоли ин давлатро ба ҳайси кӯмаки башардӯстона ироа намояд.

Тавре зикр гардид, илми имрӯза собит намудааст, ки маҳз бо роҳи ваксинатсия пеши роҳи авҷи бемории коронавирус гирифта мешавад.

Бояд гуфт, ки ваксинаҳои мазкур дар анборҳои махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаҳдорӣ шуда, тибқи нақшаи миллӣ ба табақаҳои пешбинишудаи аҳолӣ  гузаронида мешаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 82
  • 1,058
  • 888,494