Ба Тоҷикистон зиёда аз дуюним миллион воя ваксинаи “КоронаВак” ворид гардид

Ба Тоҷикистон зиёда аз дуюним миллион воя ваксинаи “КоронаВак” ворид гардид
Сентябр 23
13:15 2022

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали бақайдгирии сирояти коронавирус дар мамлакат баҳри ташхису табобати шаҳрвандон ва пешгирии паҳншавии ин беморӣ тамоми тадбирҳои муҳиму саривақтиро рӯйи кор гирифт.

Маҳз иқдомҳои саривақтии дар ин самт андешидашуда боис бар он гардиданд, ки Тоҷикистон назар ба кишварҳои минтақа бар зидди сирояти коронавирус муборизаи муваффақона анҷом дод ва инак, хушбахтона, давоми соли 2022 дар кишвар ягон ҳолати гирифторшавии шаҳрвандон ба ин сироят ба қайд гирифта нашудааст.

Вале новобаста ба ин ҳолат, ҷиҳати ба ваксинатсия бар зидди сирояти коронавируси нави COVID-19 фаро гирифтани шаҳрвандони мамлакат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти хешро муваффақона идома дода истодааст.

Бояд гуфт, ки то имрӯз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 миллиону 523 ҳазору 280 вояҳои ваксинаи зидди COVID-19 ворид гардидааст, ки айни ҳол маъракаи ваксинатсия бар зидди  бемории мазкур дар кишвар бомаром идома дорад.

Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба имрӯз, 23 сентябр бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боз зиёда аз дуюним миллион воя ваксинаи “КоронаВак” аз Ҷумҳурии  Мардумии Чин вориди кишвар гардид, ки дар маросими қабули онҳо дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Тзси Шумин иштирок намуданд.

Қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии  Мардумии Чин аз рӯзҳои нахустини бақайдгирии сирояти коронавирус дар доираи ҳамкорҳои мутақобилан судманд ва дустиву бародарӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон лавозимот ва таҷҳизоти зарурӣ кӯмак намуд ва тақдими вояҳои ваксинаи зиддии ин беморӣ идомаи ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо маҳсуб меёбанд.

Маврид ба зикр аст, ки то ба ҳолати 22 сентябр дар мамлакат 5 миллиону 332 ҳазору 386  нафар, ё 98,6% фоиз бо вояи якум, 5 миллиону 249 ҳазору 429  нафар, ё 97,0% бо вояи дуюм, 5 миллиону 97 ҳазору  888 нафар,  ё  94,2% бо вояи сеюм ва 1 миллиону 71 ҳазору 627 нафар, ё 19,8% аз шумораи умумии мақсадноки аҳолӣ бар зидди сирояти коронавирус ваксина гирифтаанд.

Имрӯзҳо дар анборҳои муассисаҳои тандурустии шаҳру навоҳии мамлакат захираи кофии вояҳои ваксинаи зидди сирояти коронавирус мавҷуд  мебошанд, ки сокинон ба таври ройгон ва бе ягон мушкилӣ метавонанд бар зидди ин беморӣ ваксина бигиранд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 321
  • 1,103
  • 947,059