Бахшида ба оғози “Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мизи мудаввар доир гардид

Бахшида ба оғози “Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мизи мудаввар доир гардид
Апрел 25
15:25 2022

Имрӯз, 25 апрели соли равон дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» бахшида ба оғози «Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз 26 то 30 апрели соли 2022 дар давлатҳои Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ қайд карда мешавад, мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, роҳбарони марказҳои саломатии шаҳри Душанбе, мутахассисони соҳа, шарикони рушд  ва як қатор намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Абдухолиқ Амирзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мизи мудавварро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки ин чорабинии муҳими соҳаи тандурустӣ бо ташаббуси Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз соли 2005  то кунун ҳамасола баргузор мегардад, ки мақсади асосии он-баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ оид ба моҳияти иммунизатсия дар самти нигоҳдории солимии аҳолӣ мебошад.

Мавзӯи имсолаи Ҳафтаи аврупои иммунизатсия ин – «Умри дароз барои ҳама» мебошад. Ҳадафи он  бори дигар қайд намудани моҳияти дастрасии одилонаю васеъ ба ваксинаҳое мебошад, ки барои таъмин намудани умри дароз ва солимӣ ба ҳар як инсон мусоидат мекунад.

Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ташаббуси Бюрои минтақавии аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустиро дастгирӣ намуда, дар давоми Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия баҳри тарғиботи иммунизатсия дар байни аҳолии кишвар  ҳамчун яке аз роҳҳои самараноки пешгирии бемориҳои сироятӣ як қатор чорабиниҳоро амалӣ гардонида истодааст.

Махсусан, дар доираи иҷроиши нақшаи чорабиниҳо дар ин самт як қатор чорабиниҳои муҳим баҳри баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии кормандони тиб оид ба масъалаҳои иммунизатсия ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, тақсим намудани брошураҳои тарғиботӣ дар байни аҳолӣ ташкил ва гузаронида мешаванд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳолии мамлакатро барои дастгирии ин ташаббус ва иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Тоҷикистон  даъват менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1991 Конвенсияи ҳуқуқҳои кӯдакро имзо намуд ва аз соли 1993 оид ба ҳифзи саломатии кӯдакон уҳдадорӣ гирифт. Ҳамзамон кишвар узви баробарҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ гардида, бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ, ба монанди Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид, Алянси Глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия, Агентии Рушди Байналмиллалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва дигар донорҳо ба татбиқи нақшаю стратегияҳо оид ба пасткунӣ ва ё маҳв намудани бемориҳои  сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда  оғоз намуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 10
  • 383
  • 1,099
  • 923,595