Бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон мизи мудаввар баргузор гардид

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон мизи мудаввар баргузор гардид
Декабр 01
11:30 2023

Имрӯз, 1 декабри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 3 декабр-Рӯзи байналмилалии маъюбон, ки имсол мавзӯи он аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид “Кӯшишҳои дастаҷамъона баҳри дастгирӣ ва ноил гардидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор ба хотири шахсони маъюбиятдошта, якҷоя ва бо иштироки онҳо” эълон гардидааст, мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, намояндагони сохтору кумитаҳои дахлдор, ташкилотҳои ҷамъиятии маъюбон ва шарикони рушд  иштирок намуданд.

Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ифтитоҳи мизи мудаввар  иброз дошт, ки масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, махсусан маъюбон яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.

Зикр гардид, ки асосҳои меъёрии ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии  шаҳрвандони дорои маъюбият тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии  маъюбон”, “Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ”, “Дар бораи ветеранҳо” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ карда мешаванд.

Дар баробари ин,  Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ тамоми санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқҳои маъюбон ва таъминоти иҷтимоии онҳоро эътироф намуда, ба чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла қайд намудани Рӯзи байналмилалии маъюбон-3 декабр арҷгузорӣ менамояд. Чунончӣ, аз соли 1993 ин ҷониб ҳамасола 3 декабр дар кишвари мо низ бо ҷалби ниҳодҳои  дахлдор ба таври шоиста  қайд карда мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тавонбахшии маъюбон  ва экспертизаи тиббию иҷтимоӣ низ корҳои муайяне ба анҷом расонида шудааст. Бо ин мақсад дар сохтори вазорат як Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон” ташкил гардида, фаъолияти он ба роҳ монда шудааст. Муассисаи мазкур баҳри пешгирӣ, коҳиш додани сатҳи маъюбӣ ва паст намудани хуруҷи бемориҳои асосии ҷанбаи иҷтимоидошта фаъолияти ҳамарӯзаи худро равона сохта, тавассути бахшҳои амбулаториву табобатӣ шахсони имконияташон маҳдуд, беморону ниёзмандонро бо имкониятҳои мавҷуда ба хизматрасонии тиббӣ фаро мегирад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 940
  • 1,219
  • 899,356