Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик як қатор рӯзноманигорон бо Сипосномаи вазорат қадрдонӣ шуданд

Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик як қатор рӯзноманигорон бо Сипосномаи вазорат қадрдонӣ шуданд
Март 11
16:03 2021

Ҷиҳати нақши бориз гузоштан дар инъикоси фаъолияти рӯзафзуни соҳаи тандурустии мамлакат ва ҳамзамон таҳияи барнома ва мавод бобати пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик як қатор рӯзноманигорони ВАО  ва кормандони Маркази матбуоти вазорат бо Сипосномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Маросими тақдими сипосномаҳо ба рӯзноманигорон имрӯз, 11 март дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода иштирокчён ва дар симои онҳо кулли рӯзноманигорони мамлакатро бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик табрик намуд.

Номбурда иброз дошт, ки саҳми рӯзноманигорони кишвар дар давраи пандемияи COVID-19 дар самти пешгирии сирояти коронавируси нави COVID-19  хеле назаррас мебошад. Бино ба гуфтаи номбурда, маҳз дар ин давраи душвор рӯзноманигорони мамлакат дар паҳлуи Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар қарор гирифта, дар самти ба мардум фаҳмонидани роҳҳои пешгирии ин беморӣ саҳми  калони хешро гузоштанд.

Дар анҷоми сухани табрикотии хеш Самариддин Ализода ба кулли рӯзноманигорони кишвар  саломативу сарбаландӣ ва дар роҳи фаъолияти минбаъдаи кориашон барору муваффақият орзу намуд.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 10
  • 404
  • 1,099
  • 923,616