БАЛАНД БАРДОШТАНИ НЕРӮИ КАДРӢ ВА БА КУРСҲОИ ОМӮЗИШӢ ҶАЛБ НАМУДАНИ МУТАХАССИСОН

БАЛАНД БАРДОШТАНИ НЕРӮИ КАДРӢ ВА БА КУРСҲОИ ОМӮЗИШӢ ҶАЛБ НАМУДАНИ МУТАХАССИСОН
Январ 25
16:14 2023

Рушди тибби оилавӣ, ҳамчун василаи наздик намудани мутахассисони тибб бо аҳолӣ яке аз дастоварди соҳаи тандурустӣ дар арсаи байналмиллалӣ дониста мешавад. Ҳамин аст, ки яке аз самтҳои афзалиятноки ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди  сифатноки кӯмаки аввалияи тиббию санитарии   арзёбӣ мегардад. Аз нигоҳи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ  яке аз воситаҳои пешбаранда ва асосӣ ҷиҳати расидан ба стратегияи солимии омма, ба шумор меравад. КАТС вазифаҳои асосии соҳаи тандурустиро  иҷро намуда, аз ҳолати он самарабахшии фаъолият вобаста мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибби оилавӣ аз соли 1998 ҷорӣ гардида, бо ҳадафи дар сатҳи баланд бароҳ мондани фаъолияти он аз соли 2016 «Нақшаи  стратегии рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) аз рӯи принсипи  тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2016 — 2020»   тасдиқ шуд, ки ҳадафҳои асосии он баланд бардоштани сифат, дастрасӣ, самаранокии маҷмӯи хизмат­расониҳои тиббию санитарӣ мебошад.

Лоиҳаи мазкур, ки таҳти сарпарастии Бонки умумиҷаҳонӣ дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид,  яке аз ҳадафҳои аслии татбиқи он  ҷалби мутахассисони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба курсҳои бозомӯзии   тибби оилавӣ мебошад.

Баланд бардоштани иқтидори кадрии кормандони кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияҳои таҷрибавӣ тавассути гузаронидани омӯзишҳо   аз ҷумла даврҳои омӯзишии шашмоҳа аз рӯи ихтисоси “Тибби Оилавӣ”, идоракунии маълумоти оморӣ ва бехатарии нобудсозии партовҳои тиббӣ дар сатҳи марказҳои саломатии деҳот, давраҳои омӯзишӣ барои роҳбарони КАТС-и ноҳияҳои таҷрибавӣ оид ба тахассуси “Менеҷменти тандрустии ҷамиятӣ”, даврҳои омӯзишии муттасил оид ба протоколҳои клиникии боздидшуда ва давраҳои омӯзишии дусола барои резидент (ординаторҳои клиникии тибби оилавӣ) хатмкунандагони Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” оид ба ихтисоси тибби оилавӣ аз ҳадафҳои дигари татбиқ гардидани Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” унвон мегардад.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани самтҳои фаъолият  дар соли 2022 ҷиҳати    баланд бардоштани иқтидори кормандони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияҳои нави таҷрибавӣ Зафаробод, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Қушониён ва А.Ҷомӣ ва таъмин намудани он бо мутахассисони тибби оилавӣ, ҳамкориҳои судманд миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Марказҳои  ҷумҳуриявӣ ва вилоятии таълимию клиникии тибби оилавӣ ҷиҳати   гузаронидани даврҳои омӯзишии шашмоҳа аз рӯи ихтисоси “Тибби Оилавӣ” бароҳ монда шуданд.

Дар асоси ҳамкории бароҳмондашуда   тибқӣ фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон даврҳои омӯзишии шашмоҳа аз рӯи ихтисоси “Тибби Оилавӣ”   дар Марказҳои вилоятии таълимию клиникии тибби оилавии Суғду Хатлон, Маркази байниноҳиявии таълимию клиникии тибби оилавӣ шаҳри Кӯлоб ва  аз ҳисоби ташкили даври сайёри бозомӯзӣ бо ҷалби омӯзгорони “Маркази вилоятии таълимию клиникии тибби оилавӣ”-и  шаҳри Хоруғи ВМКБ бо фарогирии 136 нафар кормандони тиб гузаронида шуд. Аз он ҷумла, дар вилояти Хатлон 101 нафар 13 табиб ва 88 корманди миёнаи тибб, вилояти Суғд 22 нафар 5 табиб ва 17 корманди миёнаи тиб ва ноҳияи Дарвоз 13 нафар кормандони миёнаи тиббро ташкил намудааст.

Дар ин давра, ҳамазомон дар асоси ҳамкориҳо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон”  аз рӯи ихтисоси “Менеҷменти тандрустии ҷамъиятӣ”, барои 16 роҳбарон, муовинони КАТС-и ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа дар заминаи таълимии ДТБКСТ тавассути барномаи таълимии тасдиқшуда аз рӯи 10 модул ба фаро гирифта шудаанд. Айни замон, 12 нафар роҳбарон, муовинони КАТС-и ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа омӯзиши мазкуро ба итмом расонда, соҳиби диплом гаштанд ва 4 нафари дигар омӯзишро идома медиҳанд.

Дар соли 2022 инчунин дар дар доираи ҳамкорӣ бо  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир ба гузаронидани омӯзиши дусолаи хатмкунандагони ДДТТ ба номи Абу Али Ибни Сино аз рӯи ихтисоси тибби оилавӣ дар ординатураи клиникӣ сурат гирифт. Омӯзиши мазкур таввасути барномаи тасдиқшуда 16 модули таълимӣ дар давоми 2 соли таҳсил гузаронида мешавад. Дар давраи болозикр омӯзиш аз рӯи модулҳои «Тандурустии ҷамъиятӣ ва ҳифзи саломатӣ», «Бемориҳои шадид ва музмини узвҳои дохилӣ», «Мушоҳида ва нигоҳубини кӯдакон. Тибби наврасон» “Акушерӣ-гинекология, банақшагирии оила”,“Ҷарроҳии амбулаторӣ ва травматология. Шиками шадид” барои 15 нафар гузаронида шуд.

Зикр мегардад, ки алҳол дар ҷумҳурӣ мутахассисони тибби оилавӣ ба аҳолӣ хизмати тиббию санитарӣ мерасонанд, ки фаъолияти онҳо дар маҷмӯъ барои пешгирии бемориҳо, ташхис, табобат ва барқарорсозии саломатии аҳолӣ нигаронида шудаанд. Муҳим он аст, ки сол то сол нишондиҳандаҳо оид ба муроҷиат ва фарогирӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ аз тарафи мутахассисони тибби оилавӣ беҳтар мегардад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1,125
  • 1,168
  • 841,611