Бале! Мо метавонем силро барҳам диҳем

Апрел 14
18:13 2023

Коршиносони пешсаф ва мутахассисони соҳаи силшиносӣ гуфтанд: “Бо имкониятҳои мавҷудаи муосир, кӯшиши якҷоя ва иродаи қавӣ – бале, мо метавонем силро барҳам диҳем!”

Сафирони пешгирии сил, овозхонон ва ҳаҷвнигорони маҳбуб – Нозия Кароматулло, Бахтиёр Иброҳимов, Мино Баҳруллоева, Муқимҷон Абдуфаттоев, Зайнура Пулодова, сарояндагон ва раққосони маркази фарҳангии Сафорати Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммадҷон Холов, Ҳабиб Ҳакимов ва Искандар Каримов барои дилбардорӣ ва дастгирии шахсони бемори сил ҳунарнамоӣ карда, барои аз байн бурдани доғгузорӣ ва овозаҳои бад паёмҳои зиддисилӣ доданд.

Наздики 1000 нафар аз гӯшаҳои иттилоотии зидисилии ташкилотҳои ҷамъиятию байналмилалӣ дидан карда, дар чорабинӣ бо Сафирони пешгирии сил ҳамовозӣ карданд.

Зимни чорабинии иттилоотӣ-фарҳангӣ беҳтаринҳои соҳа  бо сипосномаву туҳфаҳои хотирравӣ сарфароз гардиданд.

Чорабинии иттилоотӣ – фарҳангӣ зери унвони “Бале! Мо метавонем силро барҳам диҳем” рӯзи 14 апрели 2023 бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сил дар остонаи Вохӯрии сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид дар мавзуи бемории сил 2023 баргузор гардида, бо кафкӯбиҳои давомдор, даъват ба муборизаи зиддисилӣ, паёмҳо аз саҳнаи ҳунар, ҳамдилӣ бо беморони сил ва боварӣ ба фардои бидуни сил боз ҳам рангинтар шуд.

Чорабинии мазкур бо кӯшишҳои муштараки Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил”, Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” ва дигар шарикон баргузор гардид.

Баргузории ин чорабинӣ тавассути дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ ва Ҳамкории боздошти сил (Женева) имконпазир гардид. Мазмун ва мундариҷаи ин мавод маҳсули эҷоди ‘Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон’ буда, метавонад бо нуқтаи назари Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ ва Ҳамкории боздошти сил (Женева) мувофиқат накунад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 1,542
  • 1,421
  • 958,064