Баргузории чорабиниҳои табриявӣ-маърифатӣ оид ба пешгирии амалҳои номатлуб

Феврал 09
09:42 2024

Бо мақсади пешгирии амалҳои номатлуб, аз ҷумла коррупсия, терроризм ва экстремизм ва баланд бардоштани зиракии сиёсии шаҳрвандон  дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои мамлакат чорабиниҳои тарбиявӣ-маърифатӣ ташкил ва баргузор карда шуданд.

Зимни баргузории чунин чорабиниҳо ба иштирокчиён доир ба хатар ва падидаҳои номатлуби замони муосир, аз қабили терроризм ва экстремизм суханронӣ  сурат гирифта, қайд гардид, ки бояд ҳар як фарди худшинос ва худогоҳи Ватани азизамон бар зидди ин падидаҳои номатлуб мубориза барад ва бо ин роҳ дар таъмини сулҳу оромии кишвари азизамон саҳми хешро гузорад.

Пешвои муаззами миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат иброз доштанд, ки масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохтори марбутаи давлати дунявӣ дониста мешавад.

Дар ин росто, махсусан аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки бояд ин қишри ҷомеа зиракии сиёсиро аз даст надода, дар пайравӣ ба сиёсати оқилона ва дурандешонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пештара бештар дар рушд ва пешрафти Тоҷикистони азизамон саҳми хешро гузоранд.

Бояд гуфт, ки баргузории чунин  чорабиниҳои судманд баҳри баланд бардоштани маърифати сиёсии шаҳрвандон, хосатан ҷавонон мусоидат намуда, онҳоро бори дигар водор месозад, ки ба қадри сулҳу оромии кишвари азизи хеш бирасанд ва баҳри рушду пешрафти он тамоми кӯшиш ва талоши худро равона созанд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 364
  • 956
  • 913,064