Баргузории конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи «Дастовардҳо ва мушкилоти илми фундаменталӣ ва тибби клиникӣ»

Баргузории конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи «Дастовардҳо ва мушкилоти илми фундаменталӣ ва тибби клиникӣ»
Ноябр 17
14:14 2021

Имрӯз, 17 ноябри соли равон  дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино  конференсияи 69-умини солонаи итлмӣ-амалии МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” бо иштироки олимон ва табибон аз дохилу хориҷи Тоҷикистон дар мавзӯи «Дастовардҳо ва мушкилоти илми фундаменталӣ ва тибби клиникӣ» бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид, ки дар он Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Алиҷон Ғоибзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, профессор Маҳмадшоҳ Гулзода, роҳбари намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Виктор Олшавский ва устодону донишҷӯёни доншгоҳ иштиирок намуданд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ (18.08.2020) иброз намуданд “Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар давоми қариб се даҳсолаи охир бомаром рушд кард ва имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст”.

Раёсати Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” бо дарки масъулият баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат вобаста ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия дар макотиби олии кишвар, ки аз суханрониҳояшон зимни паёмҳову вохӯриҳо бо омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бар меояд ва қарору фармонҳои дахлдорро роҳнамои фаъолияти худ қарор дода, дар самти таълиму тарбия, таҳқиқоти илмӣ, корҳои муолиҷавию хоҷагидорӣ чорабиниҳои судмандро амалӣ менамояд.

Бояд гуфт, ки фаъолияти илмиву навоварӣ яке аз меъёрҳои асосии муайян намудани дараҷаи рушду инкишофи муассисаҳои олии касбӣ маҳсуб меёбад. Маҳз, бо назардошти ҳамин омил дар донишгоҳ баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои илмӣ ва дар амалияи клиникӣ татбиқ намудани дастовардҳои муҳимтарини олимон ҳамеша дар маркази диққати роҳбарияти муассиса қарор дорад. Ин аст, ки таваҷҷуҳи устодони таълимгоҳ сол аз сол ба таҳқиқи самтҳои гуногуни илми тиб бештар гашта, шумораи тадқикочиёну пажуҳишгарон аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманд торафт меафзояд.

Ташкил ва гузаронидани конференсияи «Дастовардҳо ва мушкилоти илми фундаменталӣ ва тибби клиникӣ» далели густариш додани равобити илмию амалии олимони ватанӣ ва хориҷи дуру наздик мебошад. Ҳадафи баргузории ҳамоиши илмӣ ба вуҷуд овардани шароити мусоиди баҳсу мунозираҳои созандаи илмӣ бо олимону табибон ва фароҳам овардани шароиту имкониятхои озод ҷиҳати барқарор намудани робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо пешрафтатарин муассиҳои таълимию табобатии хориҷи дуру наздик ва ворид намудани дастовардҳои тибби муосир ба амалияи тиб мебошад.

Дар кори конференсия иштироки олимон ва ходимони сиёсии Тоҷикистон Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Украина, Полша ва Белорусия ба тариқи онлайн ва офлайн ба нақша гирифта шудааст.

Дар доираи кори конференсия таҷлили 80-солагии кафедраҳои “Ҷарроҳии умумии №1 ба номи Қаҳҳоров Абдурауф Носирович”, “Дерматовенерология”, “Микробиология, иммунология ва вирусология” ва 40-солагии факултети фармасевтӣ, инчунин, дар доираи конференсия гузаронидани 6 симпозиум дар мавзӯъҳои “Масъалаҳои мубрами дерматовенерология ва косметология: аз инноватсия ба амалия”, “Сироят дар тиб. COVID-19. ВНМО/БПНМ», «Микроорганизмҳо ва олами муосир», “Ҳаяҷон ва саломатӣ”, “Мушкилоти диабети қанд ва оризаҳои он”, “Фарбеҳшавӣ ва ғизои солим” ва 6 сексия вобаста ба “Мушкилоти стоматология”, “Илмҳои фундаменталӣ”, “Фанҳои ҷарроҳӣ №1: ҷарроҳӣ, гинекология, саратоншиносӣ”, “Фанҳои ҷарроҳӣ №2: ҷарроҳии кӯдакон, урология, травматология, ҷарроҳии асаб”, “Масъалаҳои мубрами педиатрия”, “Масъалаҳои мубрами терапия» ба нақша гирифта шудааст.

Дар конференсия дастовардҳои олимони маъруфи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олимони шинохтаи кишварҳои ҳориҷӣ ба доираи васеи иштирокчиён пешниҳод гардида, масоили таҳқиқоти фундаменталӣ ва амалӣ дар тиб, технологияи муосиру инноватсионӣ дар тибби назарӣ ва клиникӣ, татбиқи дастовардҳои навини илмӣ дар раванди таҳсилоти олии тиббӣ баррасӣ ва баҳрабардорӣ карда мешаванд.

Мавзӯъҳои маърӯзаҳои баррасишаванда мухталиф буда, ба самтҳои гуногуни илм аз он ҷумла: хосиятҳои морфологию функсионалии ҷанинои зоимони дорои диабети қанди гестатсионӣ оид ба камхунӣ, дисфунксияи эндотелӣ чист ва онро чаро меомӯзем?, аҳамияти таҳлили антропометрии бадан дар мониторинги маҷмӯии ҳолати саломатии сокинони аз ҷиҳати иқтисодӣ номусоид, ташкил ва гузаронидани таҳқиқотҳои илмӣ дар соҳаи таҳсилоти тиббӣ ва мавзӯъҳои мубрами ҷомеаи ҳозира (тромбози артериявӣ бо ассотсиатсияи Covid-19) ва ғайра бахшида шудаанд.

Конференсия дар 6 сексия баргузор шуда, ба онҳо олимону устодони варзидаи МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” ва дигар муассисаҳои бонуфузи илмӣ роҳбарӣ менамоянд.

Ҳамасола шумораи иштирокчиёни конференсия ва теъдоди мақолаҳои пешниҳодгардида меафзояд. Соли ҷорӣ ба конференсия 1332 мақола пешниҳод гардидаат, ки 232 адади он аз кишварҳои хориҷии дуру наздик мебошад. Дар конференсия 483 мақолаву маърӯзаҳои илмии олимон баррасӣ мегарданд, ки 106 адади он аз иштирокчиёни кишварҳои ИДМ мебошад. Маводҳои конференсияи мазкур ба шакли маҷмӯи маводи илмӣ ба табъ расидааст.

Маврид ба зикр аст, ки рӯзҳои 15 то 19 ноябри соли 2021 гузаронидани “Рӯзҳои илм ва инноватсия дар МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” ба нақша гирифта шудааст, ки он фарогири бахшҳои зерин аст:

Семинари байналмилалии “Диабети қанд, муолиҷаи пошнаи диабетикӣ”, тренинги омӯзишии “Методология таҳқиқоти илмӣ”;

Лексияҳои профессорони даъватшуда (10 лексияҳои профессорони даъватшуда аз донишгоҳҳои тиббии шаҳрҳои Нурсултон, Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ташкент, Самарқанд, Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон);

Конгресси якуми фармасевтони Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Семинари байналмилалии “Ташаккуали ҳамкориҳои Осиёи Миёна дар маълумоти тиббӣ”;

Сессияи байналмилалии баҳодиҳии технологияи тандурустӣ: собиқаи байналмилалӣ.

Дар доираи рӯзҳои илм ва инноватсия барои омӯзгорону муҳассилин, табибони муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ лексияву семинарҳои омӯзишӣ ва тренингҳои профессорони шинохтаи донишгоҳҳои тиббии шаҳрҳои Нурсултон, Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ташкент, Самарқанд, Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба нақша гирифта шуда, ҷараён дорад.

Дар хотима Резолютсияи конференсия қабул карда мешавад, ки он барои ворид намудани дастовардҳои муосири олимони ҷаҳонӣ ва ватанӣ ба амалияи илми тиб, пешрафти соҳаи тандурустӣ ва солимгардонии ҷомеа мусоидат хоҳад кард.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 529
  • 956
  • 913,229