Баргузории нишасти матбуотӣ вобаста ба «Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди тамокукашӣ»

Баргузории нишасти матбуотӣ вобаста ба  «Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди тамокукашӣ»
Май 31
12:19 2018

Имрӯз дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, дар доираи  «Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди тамокукашӣ» нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Хотиррасон менамоем, ки ҳамасола дар саросари ҷаҳон «Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди тамокукашӣ»  31 май зери шиорҳои гуногун қайд карда мешавад.

Мизи мудаввар бо ибтикори бевоситаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон роҳандозӣ гардид. Чорабинии мазкурро муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода  роҳбарӣ намуда, дар рафти кори он Игор Поканевич роҳбари Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон,  Илҳомҷон Обидов иҷрокунандаи директори Иттиҳоди истеъмолгарони Тоҷикистон, намонядагони Агентии Тоҷикстандарт, ВКД ва  васоити ахбори омма  иштикор намуданд.

Мирҳамуддин Камолзода, зимни сухани ифтитоҳии хеш вобаста ба вазъи истеъмоли маҳсулоти тамокӯ дар кишвар сухан ронда, аз ҷумла иброз намуда, ки; “Бо мақсади андешидани тадбирҳои амалӣ вобаста ба маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку дар кишвар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шумораи истеъмонкунандагони ин маҳсулот миёни аҳолӣ кам шуда бошад ҳам, вале чун дигар кишварҳои олам ин мушкилот дар мамлакати мо низ ҳамоно ҳамчун проблемаи љиддӣ дониста мешавад. Ба тасвиб расидани  нашри нави  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку”, ки санаи 02 январи соли равон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид, аз тадбирҳои андешидаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз таваҷҷуҳи бевоситаи  Пешвои миллат,   Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба солимии аҳолӣ дониста мешавад”.

Игрор Поканевич роҳбари Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон дар навбати худ зикр намуд, ки ТУТ оид ба мубориза бар  зидди тамоку  таи солҳои тулонист, ки фаъолият менамояд ва  дар 50 мамлакати аврупоӣ тасдиқи худро ёфтааст.

Дар чорабинї зикр гардид, ки шахси тамокукаш на танҳо ба саломатии худ, балки ба наздиконаш низ таъсир хоҳад расонид. Таъсири тамоку ҳангоми ҳомиладорӣ дар давраи дохилибатнӣ метавонад эҳтимолияти мурдатаваллудкунӣ ва нуқсонҳои модарзодиро зиёд намояд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мутахассисони соҳаи тиб аз истеъмоли тамоку миёни бонувон дар ташвиш афтодаанд. Гуфта мешавад наздики 90% заноне, ки ба истеъмоли тамоку сару кор доранд, ҳатто дар овони ҳомиладорӣ аз ин амали номатлуб даст намекашанд.  Таъсири тамоку ҳангоми ҳомиладорӣ дар давраи дохилибатнӣ метавонад эҳтимолияти мурдатаваллудкунӣ ва нуқсонҳои модарзодиро зиёд намояд. Он дар синни ширмакӣ метавонад сабаби синдроми марги ногаҳонии навзод гардад. Дар синни кӯдакӣ ва наврасӣ таъсири тамоку метавонад сабаби халалдоршавии ҷиддии саломатӣ ва маъюбшавӣ дар натиҷаи бемориҳои респираторӣ гардад.

Хотиррасон менамоем, ки   ҳамасола дар ҷаҳон аз истеъмоли тамоку,  мутаасифона қариб 6 млн нафар  ба ҳалокат мерасонад, ки ин дар маҷмӯъ назар ба фавт аз ВНМО, сил ва вараҷа зиёдтар аст. Аз рӯи таҳлилҳо  агар дар ин самт чораҳои фаврию якҷоя  андешида нашаванд, ин шумора то соли 2030 метавонад аз 8 млн нафар зиёдтар гардад.

Тибқи таҳлилҳои пажуҳишгарон ҳамасола дар сайёраи замин наздики 6 миллион инсон аз дуди тамоку ба ҳалокат мерасад. Аз ин шумора зиёда аз 5 млн. ҳолат дар байни истеъмолкунандагони кунунӣ ва собиқ истеъмолкунандагони тамоку, ҳамчунин беш аз 600.000 ашхоси гирифторони таъсири дуди тамоку ба қайд гирифта шудааст.

Ҳануз солҳои 1950 ҷаҳониён ба тариқи зарурӣ дарк карданд, ки истеъмоли тамоку боиси марг мегардад. Бо тадқиқоту корбариҳои ҷиддӣ нисбат ба оқибатҳои истеъмоли тамоку муайян шуд, ки истеъмоли ин номгуй маҳсулот, аз ҷумла, носу сигор ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад. Дар таркиби дуди тамоку моддаҳои заҳрноке ҳастанд, ки тани солимро ба дардҳои гуногун гирифтор мекунанд. Миқдори моддаҳои заҳрноки тамоку хеле зиёд буда, тақрибан ба 1200 адад мерасад.

Олимон бар он аќидаанд, ки дар таркиби тамоку моддаҳои заҳрогини химиявӣ, ба мисли бензатратсен, изотопи радиоактивии калий ва як қатор карбогидридҳо мавҷуданд. Моддаи асосии зудтаъсир ва заҳрогини тамоку ин никотин аст. Тибқи пажӯҳишҳои илмӣ, шахсе, ки дар 1 рӯз аз 1 то 9 дона сигор мекашад, ҳадди ақал 4 соли умри худро кам мекунад. Агар истифодаи сигор дар 1 рӯз аз 10 то 19 дона ва зиёда аз он сурат гирад, сигоркаш аз умри худ 5-6 солро хоҳад бохт.

Аз рӯи таҳлилҳои коршиносони арсаи байналмилалӣ дар асри 20 тамоку сабабгори марги беш аз 100 млн. одамон шудааст. Аммо ба иқрори олимон, агар ин тамоюл нигоҳ дошта шавад, чунин шумора дар асри XXI метавонад то ба 1 миллиард бирасад. Агар чораҳои зарурӣ андешида на- шаванд, то соли 2030 дар ҷаҳон ҳамасола шумораи фавтидагоне, ки маргашон ба истеъмоли тамоку алоқамандӣ дорад, ба 8 миллион мерасад. Ин дар ҳолест, ки тибқи пажуҳиши дигар, дар ҳар 6 сония аз таъсир ва истеъмоли тамоку тақрибан 1 нафар ба ҳалокат мерасад, яъне, аз 10 ҳолати фавт, байни одамони калонсолу миёнасол, якеаш бо сабаби таъсири тамоку дониста мешавад.

Бо дарки он ҳама хилсатҳои манфии тамоку ба сиҳатии инсон  Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви комилҳуқуқи сайёра ва шарики боэътимоди кишварҳои олам дар мубориза алайҳи маҳсулоти тамоку бетараф набуда, ба қадри тавон нисбати мубориза зидди он саҳми худро гузошта, то ба имрӯз бобати решакан намудани истифодаи маҳсулоти тамоку миёни ҷомеаи кишвар ва башарият талош меварзад.

Қабули Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи танзими муомилоти маҳсулоти тамоку» (28.01.2013), инчунин ба тасвиб расидани  нашри нави  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку” (2.01.2018) аз тадбирҳои амалии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза алайҳи маҳсулоти тамоку дониста мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятии вобаста ба маҳдуд кардани истифодаи маҳсулоти тамокуро бо мақсади ҳифзи солимӣ ва пешгирии беморшавии аҳолӣ танзим карда, фаъолият оид ба истеҳсол, воридот, содирот ва фурӯши ин гуна маҳсулотро муайян мекунад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 617
  • 1,263
  • 842,366