Дар рафти корҳои сохтмони пайдо гардидани корҳои иловагӣ, ки дар доираи лоиҳаи“Васеъкунӣ ва қисман барқарорсозии Беморхонаи вилоятии Хатлон ба номи Б. Воҳидов дар шаҳри Бохтар” ба назар гирифта нашудааст.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Бонки Олмонии Рушд (KfW) барои тадбиқи марҳилаҳои II-IV-и барномаи «Ҳифзи саломатии модару кӯдак ва беҳтар намудани самти ёрии таъҷилии тиббӣ дар Тоҷикистон» маблағгузорӣ намуд. Аз ҷониби вазоратяк қисми маблағ, тибқи шартномабарои пардохти корҳои иловагӣдар доираи лоиҳаи “Васеъкунӣ ва қисман барқарорсозии Беморхонаи вилоятии Хатлон ба номи Б. Воҳидов дар шаҳри Бохтар” ба роҳ монда мешавад.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамаи хоҳишмандони ҳуқуқии озмун барои пешниҳоди бастаи пӯшидаи ҳуҷҷатҳои харҷномавӣ оид ба корҳои иловагӣдар доираи лоиҳаи“Васеъкунӣ ва қисман барқарорсозии Беморхонаи вилоятии Хатлон ба номи Б. Воҳидов дар шаҳри Бохтар” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хариди хурди корҳохоҳишмандонро,даъват менамояд.
Кор дар беморхонаи марказии вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар сурат мегирад.
Ҳачми корҳо дар озмуни мазкур иборат аз таъмири бинои чомашуйхона ва стерилизасия, сохтмони соябон бароидурнамудани обҳои борон ва сохтмони инсинератор мебошад.
Озмуни харид, мувофиқи расмиёти озмуни миллӣ бо қайду шартҳои дар Дастури (KfW) оид ба хариди молҳо, корҳо ва хизматрасониҳои марбута дар доираи ҳамкории молиявӣ бо кишварҳои шарик (минбаъд – «Дастури KfW») амали мегардад.
Ҳавасманд метавонанд маълумоти иловагиро аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва GOPA infra дастрас кунанд.
Мушовирони лоиҳа дар суроғаи ш. Душанбе, к. Ф. Ниёзи 51, ҶТ, суроғаи электронии мушовирон Миралиев Сулаймон, miraliev.sulaimon@irfatconsult.com ва Мамадҷонов Анвар, anvar.aba74@mail.ru.
Ҳамаи ҳуҷҷатҳо (ҳуҷҷатҳои расмии дахлдор) ва дархостҳои озмуни хариди корҳо, бояд ба суроғаи дар боло зикршуда, бо варақаҳои дархости тендерӣ на дертар аз санаи1июни соли 2022, соати 14:00 ба вақти маҳаллӣ,пешниҳод карда шаванд. Ҳуҷҷатҳо ва дархостҳои озмуни хариди кор дер аз вақти пешниҳодгардида, рад карда мешаванд.
Дар ҷаласаи оммавӣ барои кӯшодани бастаҳои пешниҳодгардида дар ҳузури иштирокчиёни озмун ва намояндагони таъиншуда ҳуҷҷатҳои тахассусӣ (ҳуҷҷатҳои расмии дахлдор) ва ҳуҷҷатҳои харҷномавӣ кӯшода мешаванд. Ва пешниҳодҳои нархҳои иштирокчиён, ки ба меъёрҳои тахассусӣ мувофиқанд, баррасӣ карда мешаванд.
Талаботҳо:
- Шакли дархост;
- Иҷозатномаи фаъолияти сохтмонӣ;
- Шаҳодатномаи бақайдгирии ширкат;
- Маълумотнома аз бонк дар бораи набудани карз;
- Маълумотномааз макомоти андоз дар бораи надоштани карз;
- Таҷрибаи қаблии чунин корҳо (қарордодҳо) дар се соли охир;
- Тавсияномаҳо;
- Кафолати бонкӣ ба маблағи 2700 евро.