Барномаи миллии тавонбахшӣ дар амал

Апрел 19
14:01 2017

Бо мақсади идомаи ислоҳоти маъмурӣ дар системаи ҳифзи иҷтимоӣ ҷиҳати  баланд бардоштани малакаи мутахассисони тиббӣ ва кормандони иҷтимоӣ оид ба тавонбахшии маъюбон дар доираи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, №455 “Дар бораи Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020” бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистоназ  3 апрели соли 2017,  № 237   барои роҳбарони   муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (50 нафар аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ) дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон     омӯзиш дар мавзӯи           “Роҳбарӣ ва идоракунии “Тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал” дар Тоҷикистон”,  ки рӯзҳои 17 – 20  апрели соли ҷорӣ идома хоҳад ёфт, ташкил карда шуд.

Дар маросими ифтитоҳи омӯзиш Умарзода С.Ғ., муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Поканевич И., роҳбари НамояндагииТашкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар  Тоҷикистон  суханронӣ намуданд.

Ба омӯзиш аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар  Тоҷикистон мушовирони техникии лоиҳаи “Илми таълими тандурустӣ”  Кейт Елизабет Вилсон,  Мария де Лордес де ла Пеза де Гадсден,Сара Рут Джонассен Битмандаъват шудаанд.

Аз ҷониби онҳо дар давоми омӯзиш вобаста ба мавзӯъҳои “Шарҳи маҷмӯи асосии роҳбарӣ”,  “Роҳбарӣ  чист?”, “Ҷорӣ намудани  тартиби асосии баҳодиҳӣ”, “Вазифа ва  таҳлили сабабҳо”,  “Амалҳои мубрам бо назардошти ҷинс ва маъюбият”  ба иштирокдоррони омӯзиш маълумоти зарурӣ  дода мешавад.  Омӯзишҳо бо усули интерактивӣ гузаронида шуда, корҳои амалӣ ба иҷро хоҳанд расид.

Чунин омӯзиш барои роҳбарони марказҳои будубоши рӯзона барои пиронсолону маъюбон ва кӯдакони имконияташон маҳдуд рӯзҳои 24-27 апрели соли 2017 низ ба нақша гирифта шудааст.

Омӯзишҳо имкон медиҳанд, ки роҳбарони муассисаҳо бо донишҳои нав ва усулҳои инноватсионӣ  дар муассисаҳои худ  фаъолиятро ба роҳ монда, сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоиро баланд бардоранд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 816
  • 1,168
  • 841,302