1 майи соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади дастгирии кормандони соҳаи тиб 1 миллион сомонӣ ва барои таъмин намудани табибон бо либосҳои махсуси тиббӣ 2 миллион сомонӣ ҷудо намуд.
Иқдоми мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, як миллион сомонии ҷудошуда ҳамчун иловапулӣ ба маоши табибоне, ки бевосита дар раванди ташхис ва табобати бемории сироятии коронавирус иштирок менамоянд, дода мешавад.
Раиси вилоят ҳамзамон дар пайравӣ аз ташаббуси инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маоши вазифавии якмоҳаи худро ба суратҳисоби махсусе, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо коронавирус кушода шудааст, гузаронид.