Баррасии лоиҳаи “Муҳоҷирати бехатар ва муқовимат ба савдои одамон”

Сентябр 26
15:47 2024

Имрӯз, 26-уми сентябри соли равон дар меҳмонхонаи Ҳилтони шаҳри Душанбе оид ба  баррасии лоиҳаи “Муҳоҷирати бехатар ва муқовимат ба савдои одамон” мизи мудаввар баргузор гашт, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шодихон Ҷамшед, роҳбари намояндагии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон Виктор Лутенко, намояндагони як қатор вазорату идора ва кумитаҳои кишвар, шарикони рушд ва мутахассисони соҳа иштирок  намуданд.

Тавре зикр гардид, аз ҷониби Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон лоиҳаи “Муҳоҷирати бехатар ва муқовимат ба савдои одамон” бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, беҳтар намудани маълумотнокии шаҳрвандон қабл аз сафар,  машваратҳо ҷиҳати таъмини муҳоҷирати огоҳона, ҳифзи муҳоҷирони осебпазир ва қурбониёни савдои одамон, инчунин беҳтар намудани ҳамкориҳо байни ҳама ҷанбаҳои манфиатдор, ки аъзои Механизми миллии бозравонӣ мебошанд, амалӣ гардида истодааст.

Дар робита ба ин, дар доираи лоиҳаи номбаршуда Агентии байналмилалии ИМА доир ба рушд (USAID) ва Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон ба нақша гирифтаанд, ки махзани ягонаи маълумотҳо оид ба муқовимат ба савдои одамонро дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис диҳанд.

Бо назардошти ин, Созмони Байналмилалии Муҳоҷират ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасмим гирифтанд, ки бо иштироки аъзои Механизми миллии бозравонӣ, аз ҷумла раиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон ва дигар роҳбарони масъул аз сохторҳои давлатӣ дар сатҳи муовинони вазир ва раисони кумитаҳо мизи мудавварро оид ба баррасии лоиҳаи “Муҳоҷирати бехатар ва муқовимат ба савдои одамон” баргузор намоянд.

Гуфта шуд, ки намунаи барномавии махзани зикршуда коркард  гардидааст ва бинобар ин мизи мудаввар доир ба муҳокима, пешниҳодҳо, эродҳо ва фаъолияти минбаъдаи  он ташкил ва баргузор гашт.

Дар идомаи мизи мудаввар як қатор иштирокчиён доир ба татбиқи лоиҳаи  “Муҳоҷирати бехатар ва муқовимат ба савдои одамон” ва дигар самтҳои вобаста ба он баромад  карданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Сентябр 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஆக    
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 557
  • 1,434
  • 1,050,796