Баррасии масъалаҳои ҳалталаб дар самти иҷрои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” дар шаҳри Душанбе

Баррасии масъалаҳои ҳалталаб дар самти иҷрои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” дар шаҳри Душанбе
Ноябр 27
14:24 2023
Дар меҳмонхонаи Румии шаҳри Душанбе вобаста ба баррасии масъалаҳои ҳалталаб дар самти иҷрои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” дар шаҳри Душанбе, ҳамзамон иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои барномаи мазкур дар пойтахти кишвар, ки тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 28 феврали соли 2022, №91 тасдиқ гардидааст, ҷаласаи корӣ доир гардид, ки дар он роҳбарони як қатор сохторҳои дахлдори шаҳри Душанбе, роҳбарони марказҳои саломатии пойтахт, мутахассисони соҳа ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Зайнаб Анварӣ, директори Муассисаи давлатии “Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солим” чорабиниро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки дар доираи иҷрои нақшаи мазкур доир ба ташкил кардани ҳамоҳангсозӣ ва робитаи байнисоҳавӣ оид ба тарғибу ташфиқи ташаккули тарзи ҳаёти солим ва пешгирии бемориҳои сироятиву ғайрисироятӣ, масъалаи ташаккули тарзи ҳаёти солим дар мадди таваҷҷўҳи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор дорад.
Гуфта шуд, ки яке аз омилҳои муҳиму асосӣ дар беҳтар намудани саломатии аҳолии пойтахт-ин ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ноил шудан ба муносибати аҳолӣ ба саломатии худ мебошад. Таҷрибаҳои ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки яке аз муносибатҳои нисбатан каммасраф ва ниҳоят самарабахш барои паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ-ин ташаккули тарзи ҳаёти солим мебошад. Мутобиқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ муқаррар гардидааст, ки саломатии инсон 55% аз тарзи ҳаёти солим, 18% аз омилҳои ба мерос монда, 17% аз омилҳои муҳити зист ва танҳо 10% аз вазъи ҳифзи тандурустӣ вобаста мебошад. Дар инкишофи аксари бемориҳо худи инсон, сатҳи пасти маърифати санитарӣ, тарзи ҳаёти ғайрисолим ва муносибати манфӣ ба саломатии худ сабаб шуда метавонад. Аз ин ру, баҳри баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолии пойтахт корҳои тарғиботиву ташфиқоти аз ҷониби мутахассисони МД Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солим ҳамарӯза дар байни аҳолии пойтахт гузаронида мешаванд.
Тавре зикр гардид, Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солим фаъолияти худро дар асоси Паёму супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе, қарору фармоишҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо сарраёсатҳою идораҳои масъул, фармоишҳо ва тибқи нақшаи солонаи тасдиқнамудаи Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба роҳ мондааст.
Дар идома як қатор иштирокчиён вобаста ба баррасии иҷрои “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” дар шаҳри Душанбе, ҳамкории муассисаҳои зерсохтори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе дар самти ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва гайрисироятӣ ва нақши бахшу раёсатҳои дахлдори шаҳри Душанбе ҷиҳати баланд бардоштани иттилоотнокии қишрҳои гуногуни аҳолӣ вобаста ба тарзи ҳаёти солим баромад намуданд.
Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда аз ҷониби иштирокчиён муҳокимаронӣ сурат гирифта, қайд гардид, ки ҷаласаи мазкур баҳри бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта имконияти хубест.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Апрел 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மார்ச்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 471
  • 612
  • 863,563