Таҳлили вазъи хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон

Сентябр 24
10:29 2024

Санаи 23 сентябри соли 2024 бо ташаббуси Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳлил  ва баррасии вазъи хизмтарасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон дар кишвар дар вазорат ҷаласаи корӣ доир гашт, ки дар он намояндагони раёсатҳои тандурустии ВМКБ, вилоятҳои Хатлон, Суғд  (ба таври маҷозӣ), шаҳри Душанбе, директорон ва намояндагони Муассисаи давлатии Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон, Маркази солимии репродуктивӣ, Маркази ҷумҳуриявии таълимиву клиникии тибби оилавӣ, марказҳои ҷумҳуриявии иммунизатсия, ВНМО, ташаккули тарзи ҳаёти солим, сартабибони таваллудхонаҳои шаҳри Душанбе, инчунин  сартабибони беморхонаҳои марказӣ, роҳбарони шабакаҳои муассисаҳои КАТС, мудирони шуъбаҳои таваллудӣ ва кӯдаконаи беморхонаҳои марказии як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва зерсохторҳои раёсати мазкур иштирок намуданд.

Дар ҷаласа як қатор масъалаҳои ҳалталаби соҳа,  аз ҷумла сабабҳои фавти модарон ва кӯдакон, фавти кӯдакон дар хона, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба модарону кӯдакон, аз ҷумла бақайдгирии саривақтии занони ҳомила барои назорати антенаталии сифатнок, пешгирии таваллуд дар хона, саривақт интиқол додани занони ҳомила ба муассисаҳои таваллудӣ пешгирии оризаҳо дар дохили шӯъбаҳои таваллудӣ, бақайдгирии саривақтии ҳодисаҳои таваллуд ва фавти кӯдакон, инчунин солимгардонии занони қобили таваллуд ва ҳомила, пешгирӣ ва табобати саривақтии бемориҳои дарунрав ва бемориҳои шадиди роҳҳои нафас дар байни кӯдакон, солимгардонии кӯдакони нуқсҳои инкишофдошта ва маъюб ва кор бо аҳолӣ дар самти баланд бардоштани маърифати тиббӣ мавриди муҳокима ва чораандешӣ қарор дода шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Сентябр 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஆக    
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 552
  • 1,434
  • 1,050,791