
Имрӯз, 6 августи соли равон бо иштироки Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода вобаста ба пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 машварати корӣ доир гардид, ки дар он муовинони вазир Самариддин Ализода, Зулфия Абдусаматзода, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат ва ҳамзамон сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо ва роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои кишвар ба тариқи онлайн иштирок намуданд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода таваҷҷуҳи масъулинро ба масъалаҳои андешидани чораҳои иловагӣ ҷиҳати пешгирӣ аз мавҷи дуюми бемории коронавируси нави COVID-19, пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои пешгирии бемории мазкур, назорати беморони амбулаторӣ, таъмини беморон бо маводҳои доруворӣ ва дигар масъалаҳо ҷалб намуд.
Зикр гардид, ки новобаста ба он, ки вақтҳои охир дар мамлакат ҳолатҳои сироятёбии сокинон ба бемории COVID-19 то андозае поён рафта, ҳамзамон, муроҷиати шаҳрвандони мамлакат низ ба муассисаҳои тиббии кишвар бо нишонаҳои сироятёбӣ ба ин беморӣ кам шудааст, бояд чораҳои пешгирикунанда ва табобати бемории COVID-19 пурзӯр карда шаванд.
Дар охир аз ҷониби Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ва андешидани чораҳои иловагӣ ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.