Беҳтарин табиб ва кормандони миёни тиб дар байни ҷавонон дар вилояти Суғд муайян карда мешавад

Август 02
18:44 2017

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Соли ҷавонон», ҷашни 20-солагии «Ваҳдати миллӣ», зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино, ҳамзамон бахшида ба рӯзи иди касбии кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар вилояти Суғд, Раёсати тандурустии вилоят дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони тандурустии вилояти Суғд баргузор намудани озмуни «Беҳтарин табиб ва кормандони миёнаи тиб дар байни ҷавонон»-ро бароҳ мондааст.

Озмуни мазкур бо мақсади муайян намудани беҳтарин кормандони тиб аз ҳисоби ҷавонон ва иҷрои дастуру супоришҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст.

Ба иттилои дастрас, даври аввали озмуни «Беҳтарин табиб ва кормандони миёнаи тиб дар байни ҷавонон » бо иштироки зиёда аз 90 нафар кормандони соҳаи тандурустии вилоят ҷамъбаст гардида давраҳои дигари он дар ҳоли идомаёбӣ қарор дорад.

Озмуни мазкур аз руи се давр баргузор гардида, дарки мафҳуми табиб ва табиат, тарғиби сиёсати давлатии тиб, пайгирӣ аз сиёсати давлатӣ оид ба Ваҳдат, сулҳу суботи кишвар, 25 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хислатҳои хосси озмун дониста мешавад.

Маврид ба ёдоварист, ки озмуни «Беҳтарин табиб ва кормандони миёнаи тиб дар байни ҷавонон» дар  рӯзи иди касбии табибон, 18 август ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян карда мешаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 124
  • 854
  • 917,641