Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш навсозӣ мешавад

Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш навсозӣ мешавад
Феврал 15
12:00 2023

Дар доираи татбиқи «Лоиҳаи ҳифзи саломатии модару кӯдак ва беҳтар намудани хизматрасонии ёрии таъҷилии тиббӣ дар ноҳияҳои вилояти Хатлон» таъмири асосӣ, навсозии таваллудхона, сохторҳои ёрирасон, барқароркунии коммуникатсияҳои муҳандисии берунаи Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш идома дошта, 60 фоизи корҳои сохтмонии он ба анҷом расидааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

Дар натиҷаи пурра анҷом ёфтани корҳои сохтмонӣ ва ба истифода додани беморхона, таҷҳизотҳои муоссири тиббӣ насб карда шуда, хизматрасонии тиббӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда мешавад.

Лоиҳаи мазкур дар асоси созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федоролии Олмон оид ба ҳамкории молиявӣ, маблағгузории бонки олмонии рушд ва барқарорсозӣ амалӣ мегардад. Маблағи умумии амалишавии лоиҳа 3 миллиону 167 ҳазору 118 евро буда, ба ҳолати имрӯза 2 миллиону 853 ҳазору 956 евро аз худ карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо ҷараёни корҳои сохтмонии Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш аз наздик шинос шуда, ба масъулин барои сари вақт ва босифат анҷом додани корҳо супориш дод.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳудуди беморхона 3,53 гектарро ташкил намуда, биноҳои асосӣ ва ёрирасон дар 1,61 гектар ҷойгир мебошанд. Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш дорои шуъбаҳои ҷарроҳӣ, дил, таваллуд, кӯдакона, сироятӣ, эҳёгарӣ, бемориҳои даруна, ҳуҷраҳои ёрирасони таҳлилгоҳ, қабулгоҳ, ёрии таъҷилӣ, рентген, хунгузаронӣ ва физиотерапӣ мебошад.

Инчунин беморхона дорои 173 кати хоб буда, 286 нафар кормандон, аз ҷумла 26 нафар духтурон, 165 нафар кормандони миёнаи тиббӣ, 50 нафар кормандони хурди тиббӣ ва 45 нафар коргарони хизматрасони техникӣ кору фаъолият мекунанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 1,583
  • 1,421
  • 958,105