Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирзода Абдухолиқ Амир муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирзода Абдухолиқ Амир муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид
Июл 05
16:53 2021

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июли соли 2021, №280 Амирзода Абдухолиқ Амир муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Маросими муаррифии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирзода Абдухолиқ Амир имрӯз, 5 июли соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён баргузор шуд.

Муовини  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён Қарори Ҳукумати Тоҷикистонро дар бораи муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидани Амирзода Абдухолиқ Амир қироят намуда, ба фаъолияти минбаъдаи муовини навтаъини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барору муваффақият таманно намуд.

Амирзода Абдухолиқ Амир 27 ноябри соли 1963 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, ихтисосаш духтури санитарӣ, эпидемиолог мебошад.

Мавсуф солҳои 1982-1988 Донишгоҳи олии тиббии шаҳри Харкови кишвари Украинаро хатм намудааст.

Солҳои 1988-1999 дар вазифаи муовини Сардухтури Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон кор кардааст.

Давоми солҳои 1999-2004 ба ҳайси муовини директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе адои вазифа намудааст.

Аз соли 2004 то соли 2014 директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе буд.

Солҳои 2014-2017 дар вазифаи директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе фаъолияти меҳнатӣ намудааст.

Аз  17 январи соли 2017 то 4 июли соли 2021 ба ҳайси директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе кор кардааст.

Аз 5 июли соли 2021,  №280 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 105
  • 1,219
  • 898,521