Бо мақсади расонидани кӯмаки машваратӣ ва мониторинги сифати хизматрасонӣ ба модарон ва кӯдакон гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуданд

Бо мақсади расонидани кӯмаки машваратӣ ва мониторинги сифати хизматрасонӣ ба модарон ва кӯдакон гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуданд
Октябр 08
16:31 2021

Бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон дар сатҳи таваллудхонаҳо ва шӯъбаҳои таваллудии ҷумҳурӣ тавассути расонидани кумаки машваратӣ ва мониторинги сифати хизматрасонӣ дар доираи Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустии вилояти Хатлон дар асоси фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли равон гурӯҳҳои машваратӣ аз ҳисоби мутахассисони соҳибтаҷрибаи муассисаҳои таваллудии сатҳи сеюм ва мониторингӣ аз ҳисоби кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуданд.

Дар асоси фармоиши мазкур масъулин вазифадор карда шуданд, ки назорати гузаронидани машваратҳо ва мониторинги фаъолияти гурӯҳҳоро дар муассисаҳои таваллудӣ таъмин намоянд.

Инчунин, вобаста ба натиҷаҳои мониторинги фаъолияти муассисаҳои таваллудӣ мунтазам маълумоти муфассалро ба вазорат пешниҳод кунанд.

Ба сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, Хатлон, Суғд ва сартабибони беморхонаҳои марказӣ супориш дода шуд, ки барои фаъолияти гурӯҳҳои машваратӣ ва мониторингӣ мусоидат намоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Март 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« பிப்    
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 718
  • 1,263
  • 842,467