Бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи санитарию гигиенӣ фаъолияти 123 муассисаи стоматологӣ муваққатан боздошта шуд

Бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи санитарию гигиенӣ фаъолияти 123 муассисаи стоматологӣ муваққатан боздошта шуд
Октябр 24
08:38 2019

Давоми нуҳ  моҳи соли равон мутахассисони  Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  барои риоя накардани қоидаҳои зиддиэпидемикӣ  нисбат ба  роҳбарияти  97 муассисаи стоматологӣ, 127  сартарошхона ва 173  кошонаи ҳусн  санади  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода,  онҳоро 111 295 сомонӣ ҷарима кард. Инчунин, фаъолияти 123 муассисаи стоматологӣ, 81 сартарошхона ва 157 кошонаи ҳусн бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи санитарию гигиенӣ муваққатан боздошта шуд.

 Ҳамчунин аз тарафи шуъбаҳои воҳидҳои сохтории хадамот 132 227 кило маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи муҳлатгузашта, бе сертификати мутобиқат ва ба талабот ҷавобгӯ набуда бо роҳи сӯзондан нобуд гардиданд.

Тибқи иттилои Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳангоми санҷишҳо аз муассисаҳои фармасевтии ҷумҳурӣ 1031 номгӯй маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба миқдори 110814 адад аз муомилот гирифта шуданд.  Аз  ҷумла,  456 номгӯй доруи муҳлатгузашта, 523 номгӯй доруи бе сертификат ва 52 номгӯй молҳои тиббии ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ ҷавобгӯ набуда мусодира гардиданд.

Аз муассисаҳои табобатию профилактикӣ 483 номгӯй маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ дар асоси санад аз муомилот гирифта шуданд. Ғайр аз ин, ҳангоми санҷиш аз нуқтаҳои савдо ва анбори маводи ороишию гигиенӣ низ 398 номгӯй маводи ороишию гигиении муҳлатгузашта ва бе сертификати мутобиқат бозпас гирифта шуданд.

Мутахассисони шуъбаҳои назоратии Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ва шуъбаҳои дар вилоятҳо буда нисбат ба  шахсони ҳуқуқию воқеии муассисаҳои фармасевтӣ, табобатию профилактикӣ ва нуқтаҳои савдои маводи ороишию гигиенӣ 372 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ҳуқуқвайронкунандаҳо ба маблағи 996 630 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.
Барои бартараф сохтани камбудиҳо аз ҷониби шуъбаҳои Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ 366 амрнома дода шуд, ки ба ҳамаи онҳо посух гирифта шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 17
  • 1,565
  • 1,421
  • 958,087