Бохтар: Боздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз рафти корҳои сохтмонии иншоотҳои тандурустӣ (АКС)

Бохтар: Боздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз рафти корҳои сохтмонии иншоотҳои тандурустӣ (АКС)
Август 30
10:47 2020

29 августи соли равон бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонии иншоотҳои тандурустӣ ва вазъи санитарию эпидемиологӣ, махсусан пурзур намудани чораҳои пешгирикунандаи бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлон сафар намуд.

Дар доираи сафари кории хеш Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода  ва  муовини раиси вилояти Хатлон Фируза Шарифӣ аз рафти корҳои сохтмонии Маркази муҳофизатии модару кӯдак дар ҳудуди Беморхонаи клиникии вилоятии  ба номи Б.Воҳидов дидан намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, маркази мазкур аз се ошёна иборат буда, дар он 60 нафар сохтмончиёни баландихтисос  ба кор ҷалб гардидаанд. Бояд гуфт, ки пас аз пурра таъмиру тармим гардидан маркази мазкур бо навтарин таҷҳизоти тиббӣ таъмин хоҳад гардид.

Аснои шиносоӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба масъулин супориш дод, ки рафти корҳои сохтмониро боз ҳам ҷонноктар намуда, сифати корҳои сохтмониро зери назорати қатъӣ қарор бидиҳанд.

Тибқи иттилои масъулин, дар назар аст, ки сохтмони Маркази муҳофизатии модару кӯдак дар ҳудуди Беморхонаи клиникии вилоятии  ба номи Б.Воҳидов моҳи ноябри соли ҷорӣ ба истифода дода шавад.

Ҳамзамон, дар шаҳри Бохтар Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти корҳои сохтмонии  Маркази ташхисию табобатии “Даво” ва Коллеҷи ғайридавлатии тиббӣ, ки бо ибтикори соҳибкорони маҳаллӣ  бунёд гардида истодаанд, шинос шуд.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода ҷиҳати ҷобаҷогузории таҷҳизотҳо дар муассисаи таълимӣ ва табобатӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода, бунёди чунин иншоотҳои муосиру замонавиро дар пайравӣ ба иқдомҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баҳри баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ ва  омода намудани  кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустӣ саривақтӣ донист.

Маврид ба зикр аст, ки бунёди чунин муассисаҳои тандурустии замонавӣ бори дигар аз таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ дарак медиҳанд.

Инчунин, дар доираи сафари кории хеш ба шаҳри Бохтар Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода бо масъулин вазъи санитарию эпидемиологиро дар вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати боз ҳам пурзӯр намудани чораҳои пешгирикунандаи бемории COVID-19, махсусан дар байни аҳолӣ пурзур намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ, пӯшидани ниқоби тиббӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 1,577
  • 1,421
  • 958,099