Боздид аз беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Панҷ ва Ҷайҳун

Боздид аз беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Панҷ ва Ҷайҳун
Июл 04
18:25 2020

Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи хизматрасонии муассисаҳои тандурустӣ ва  ҳамзамон  ҷиҳати иҷрои Муроҷиатномаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ  ва  пешгирӣ  аз паҳншавии  сирояти коронавирус COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  вобаста ба риояи ҳатмии қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ, истифодаи ниқобҳои  тиббӣ дар нақлиёт ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва риояи фосилаи байни ҳамдигарӣ ба андозаи якуним то ду метр боздиди  роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаҳои тандурустӣ идома дорад.

Бо ин мақсад имрӯз, 4 июли соли равон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Самариддин Ализода бо фаъолияти беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Панҷ ва Ҷайҳун шинос шуд.

Дар беморхонаҳои ноҳияҳои мазкур муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ҷиҳати пешгирии бемории COVID-19, назорати беморон ва таъмини онҳо бо маводҳои дорувориро баррасӣ намуд.

Ҳамзамон, дар ноҳияҳои болозикр номбурда ҷиҳати риояи қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ, истифода ниқобҳои тиббӣ дар нақлиёт ва ҷойҳои ҷамъиятӣ бо масъулини соҳа вохурӣ анҷом дода, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ба масъулин дастуру супоришҳо мушаххас дод.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Феврал 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜன    
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
26272829  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 424
  • 1,242
  • 817,705