
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ашт рӯзи 12 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Беморхонаи марказии ноҳияи Ашт боздид намуда, бо кормандони соҳаи тиб мулоқот орост.
Раиси вилоят дар аснои мулоқот иброз дошт, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми муассисаҳои тиббӣ лавозимоти зарурии тиббӣ ва маводи доруворӣ дастрас гардида, кормандони соҳаи тандурустӣ бо ҳисси баланди масъулият барои табобати беморон фаъолият намуда истодаанд. Табибони ноҳияи Ашт низ дар рӯзҳои мушкил пурсамар фаъолият карда, барои таъмини солимии ҷомеа шабонарӯзӣ заҳмат кашиданд, ки ин боиси таҳсин мебошад.
Бино ба иттилои масъулин Беморхонаи марказии ноҳияи Ашт дорои 490 кат, аз ҷумла 310 кати табобатӣ дар беморхонаи марказӣ ва 180 кат дар зерсохторҳои муассиса мебошад. Дар беморхона шуъбаҳои қабул, эҳё, амрози дил, амрози асаб, амрози дарунӣ, ҷарроҳӣ, гӯшу гулӯ ва бинӣ, бачагона, осебшиносӣ ва раддодӣ, таваллуд, амрози навзодон ва ташхисгоҳ мавҷуд мебошад.
Ба Раиси вилоят маълумот дода шуд, ки айни ҳол дар муассисаҳои бистарикунонии ноҳия 80 нафар духтурон ва 375 нафар ҳамширагони шафқат фаъолият менамоянд. Бо мақсади сари вақт ба муолиҷа фаро гирифтани гирифторони бемориҳои сироятӣ дар шуъбаи бемориҳои дарунии беморхонаи марказии ноҳия катҳои махсус омода карда шудааст.