Тибқи супориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоир Набиев аз муассисаҳои тандурустии шаҳрҳои Ваҳдат ва Бохтар дидан намуд.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат номбурда аз рафти хизматрасонии шубаҳои эҳё ва таваллуди он дидан намуд.
Инчунин, номбурда бо фаъолияти Беморхонаи клиникии шаҳри Бохтар низ шинос шудаву аз рафти хизматрасонии тиббии он дидан намуд.
Тавре аён гашт, дар муассисаҳои тандурустии номбурда баҳри табобати шаҳрвандон шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.
Сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоир Набиев ҷиҳати беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба маслуни беморхонаҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.