Боздиди ҳайати намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ аз вилояти Суғд (20 АКС)

Боздиди ҳайати намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ аз вилояти Суғд (20 АКС)
Май 28
10:08 2019

Дар доираи сафари худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ, бо роҳбарии хонум Кейт Мандевил ба вилояти Суғд сафари корӣ анҷом доданд. Зимни боздид аз ноҳияҳои таҷрибавии Спитамен, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ  ва шаҳри Хуҷанд гурӯҳи корӣ бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ, Марказҳои саломатии деҳот аз наздик шинос шуда, аз рафти амалишавии Лоиҳаи “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” дар вилоят изҳори қаноатмандӣ карданд.

Дар маркази саломатии Париж комуннаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки  бинои он аз ҷониби Лоиҳа сохта ба истифода дода шудааст,  табибон ва ҳамшираҳои шафқат бо ҳавасмандии тамом ба кору фаъолият машғуланд. Ба хусус бо дастрасӣ ба таҷҳизоти замонавии тиббӣ ва шароити хуби корӣ сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ба маротиб боло рафтааст.  Саодат Ҳамрокулова, яке аз модарони ҷавоне, ки дар ин рӯз ба маркази саломатӣ муроҷиат карда буд, иброз дошт, ки сатҳу сифати хизматрасонӣ дар  маркази  зебову замонавӣ хеле хуб шудааст. “Дигар мо ба маркази ноҳия бо кудакони худрсоли худ намеравем. Дар ин ҷо ҳам ташхис мегузаронаду ҳам  таҳлилҳои лабораторӣ ва ҳам моро хуб табобат мекунанд”.

Гурӯҳи кории Бонки умумиҷаҳониро  истифодаи хубу самарабахши бинои маркази саломатии Гӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов хуш омад. Роҳбарияти ин марказ аз ҳисоби маблағҳои аз Лоиҳа, дар натиҷаи фаъолияти худ бадастоварда бинои  кориашонро таъмиру тармим кардаанд ва ба қадри зарурӣ лавозимоти тиббии ниёзи аввалро харидорӣ намудаанд. Ҳуҷраҳои  тозаву озода муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои зарурӣ барои  хизматрасонии саривақтиву босифат мусоидат мекунад.

Маркази саломатии Оббурдон дар ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Масчоҳ яке аз он муассисаҳоест, ки аҳолии деҳот солҳо интизораш буданд. Намояндагони Бонки умумҷаҳониро дар ин маркази саломатии навбунёд  фаъолони деҳа ва роҳбарони ноҳияву ҷамоати деҳот бо хушнудии зиёд истиқбол гирифтанд. Таи солҳои зиёд дар бинои куҳнаи фарсуда, ки ба талаботи беҳдоштиву хизматрасонӣ умуман мувофиқ набуд, ба мардуми ин деҳоти дурдаст хизматрасонии тиббӣ пешниҳод мешуд. Ҳамакнун дар бинои наву замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти зарурии тиббӣ ва шароити шоиста барои табибон ба мардум ёрии тиббии босифат пешниҳод мегардад. Пирони рузгордидаи ин ҷамоат изҳори сипоси худро ба Роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ барои  дастрасӣ ба чунин шароити хубу мусоид иброз доштанд. Дар навбати худ кормандони тиб, ки дар муассисаи навбунёд бо шавқу ҳаваси зиёд машғули коранд, намояндагони Бонки умумиҷаҳониро бовар кунониданд, ки истифодаи самараноки ин муассисаи тандурустиро  дар солҳои минбаъда низ кафолат медиҳанд.

Намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ  аз истифодаи босамари  биноҳои навсохт ва истифодаи  маблағҳои дар асоси фаъолият бадастовардаи кормандони тибби ин вилоят изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки  ҳадаф ва вазифаҳои лоиҳа аз такмили сифат ва дастрасии хизматрасонии кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) тавассути “Маблағгузорӣ дар асоси натиҷаҳои фаъолият”, инчунин такмил додани иқтидори кадрӣ ва заминаи моддию техникии муассисаҳои КАТС иборат буда, лоиҳа аз соли 2014 дар 114 муассисаи кўмаки аввалияи тиббию санитарии 4 ноҳияи таҷрибавии вилояти Суғд  татбиқ шуда истодааст. Дар ин давра ба марказҳои саломатии деҳоти ноҳияҳои таҷрибавӣ 42 номгуи таҷҳизоти тиббӣ,  6 автомашинаи  ёрии таъҷилӣ ва 4 мошини хизматӣ дастрас карда шуд. Ҳамчунин дар  вилоят сохтмони 14 маркази саломатии деҳот ба нақша гирифта шуда, аз ин шумора10 марказ мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар маҷмӯъ ба ноҳияҳои таҷрибавии вилояти Суғд аз ҷониби Лоиҳа беш аз 57 миллион сомонӣ равона карда шудааст.

Ҳамчунин дар доираи ин сафари корӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо гуруҳи кории намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ  бо роҳбарии Кейт Мандевил мулоқот анҷом дод.

(Барои мутолиаи хабари мазкур ба силлкаи ишорашуда сар бизанед)

https://moh.tj/%D1%80%D0%B0%D0%B8%D1%81%D0%B8-%D0%B2%D0%B8%D0%BB%D0%BE%D1%8F%D1%82-%D0%B3%D1%83%D1%80%D3%AF%D2%B3%D0%B8-%D0%BA%D0%BE%D1%80%D0%B8%D0%B8-%D0%BD%D0%B0%D0%BC%D0%BE%D1%8F%D0%BD%D0%B4%D0%B0%D0%B3%D0%BE/

Фотима Ғоибова,

мушовир оид ба иттилоотонии аҳолии Лоиҳаи

“Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ”

Incorrect URL attribute defined

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 691
  • 1,103
  • 947,429