Боздиди ҳайати Шурои директорони Бонки ҷаҳонӣ аз Маркази саломатии деҳоти Дубедаи ноҳияи Файзобод

Боздиди ҳайати Шурои директорони Бонки ҷаҳонӣ аз Маркази саломатии деҳоти Дубедаи ноҳияи Файзобод
Март 09
11:00 2024

8-уми марти соли равон  ҳайати Шурои директорони Бонки ҷаҳонӣ аз Маркази саломатии деҳоти Дубедаи ноҳияи Файзобод, ки дар доираи Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст, дидан намуданд.

Меҳмононро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода,  муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ғафур Муҳсинзода, иҷрокунандаи  раиси ноҳияи Файзобод Мансур Каримзода ва  дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Маврид ба тазаккур аст, ки дар доираи татбиқи Лоиҳаи  “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори КАТС дар ноҳияи Файзобод ду маркази саломатии деҳот “Дубеда” ва “Орифон” сохта ба истифода дода шуда, ҳарду муассиса бо таҷҳизот ва мебели тиббӣ пурра таҷҳизонида шудааст.

Татбиқи Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ дар ноҳияи Файзобод дар доираи маблағгузории иловагии якум соли 2016 оғоз ёфта, баҳри баланд бардоштани сифат ва дастрасии хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии кишвар равона шудааст.

Яке аз қисматҳои асосии Лоиҳа вориднамоии механизми маблағгузории муассисаҳои кумаки аввлияи тиббию санитарӣ аз рӯи натиҷаҳои фаъолият  (МАНФ) мебошад ва пардохтҳои ҳавасмандкуниро   барои муассисаҳои тиббии таҷрибавӣ пешбинӣ менамояд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамчунин дар ин рӯз меҳмонон аз Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии солимии кӯдакон” низ дидан ба амал оварданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 399
  • 1,099
  • 923,611