Боздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе

Боздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе
Май 18
13:41 2021

Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисҳои тандурустӣ роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштҳои шабона ва рӯзонаро ба роҳ мондааст.

Имрӯз, 18 майи соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз рафти фаъолияти Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳрии №1”-и пойтахт дидан намуд.

Аснои боздид аз Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе  Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рафти табобати як қатор беморон низ шинос гардида, баҳри хизматрасонии босифати тиббӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар Маркази тиббии шаҳрии №1-и пойтахт вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо наздикони беморон, ки дар назди бинои муассиса қарор доштанд, суҳбати озоду ошкоро анҷом дода,  бобати хизматрасонии тиббӣ аз онҳо пурсон шуд.

Бояд гуфт, ки ҳадафи ташрифи роҳбарияти вазорат ба муассисаҳои тандурустӣ-ин пеш аз ҳама таҳлил ва баррасии вазъи феълии соҳа,  шиносоӣ бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ, суҳбати озоду ошкоро бо беморон ва наздикони онҳо, бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта ва дар ин замина боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати химзатрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мебошад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 713
  • 1,103
  • 947,451