Боздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз рафти корҳои сохтмонии иншооти тандурустӣ дар ноҳияҳои Рашт ва Файзобод

Боздиди Ҷамолиддин Абдуллозода аз рафти корҳои сохтмонии иншооти тандурустӣ дар ноҳияҳои Рашт ва Файзобод
Июл 24
14:07 2023
Санаи 21 июли соли равон  Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафти корҳои сохтмонии иншооти соҳаи тандурустӣ дар ноҳияҳои Рашт ва Файзобод, ки дар доираи татбиқ гардидани Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”- и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷараён доранд, дидан намуд.
Дар ҳайати гурӯҳи корӣ, роҳбарон ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашт ва  Файзобод, менеҷери Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа Исфандиёр Маҳмудзода ва дигар кормандони Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа низ иштирок намуданд.
Қобили зикр аст, ки имрӯзҳо рафти корҳои сохтмонӣ дар 3 ноҳияи таҷрибавии Лоиҳа бо суръати баланд ҷараён дошта, дар назар аст, ки дар ноҳияи Файзобод маркази ташхису табобат, бинои беморхонаи марказӣ, бинои шӯъбаи таваллуд мавриди азнавсозӣ ва таъмири куллӣ қарор дода шаванд.  Дар ноҳияи Рашт бошад, сохтмон ва таъмиру тармими 4 бино; сохтмони маркази ташхису табобат, таъмири бинои беморхонаи марказӣ, маркази саломатии ноҳиявӣ ва бинои хобгоҳ барои занони ҳомила дар назар дошта шудааст. Аз рӯи ҳадафҳои татбиқ гардидани Лоиҳа, дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон  бошад, дар қатори дигар самтҳои муҳим, сохтмони беморхонаи марказӣ ва маркази саломатии ноҳиявӣ низ дар назар дошта шудааст.
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати дар сатҳи баланд ва саривақт ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ дар иншооти ноҳияиҳои Рашт ва Файзобод ба масъулон дастур ва супориҳои мушаххас дод.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 98
  • 1,219
  • 898,514