Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз маркази Модару кӯдак дар ноҳияи Деваштич

Май 28
12:37 2020

Бо мақсади огаҳӣ пайдо намудан аз вазъи фаъолияти табибон ва ҷараёни корҳо дар самти пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19)  Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар дар ноҳияи Деваштич бо табибони маркази Модару кӯдак мулоқот намуд.

Нахуст роҳбари вилоят оид ба дастгирии пайвастии давлатии соҳаи тандурустӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва равона гардидани таваҷҷуҳи хоса ҷиҳати муҳайё намудани шароити мусоид барои фаъолияти табибон ёдовар шуд. Баён карда шуд, ки рушди соҳаи тандурустӣ дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, имрӯзҳо фаъолияти шоистаи ҳар як табиб низ ҳамаҷониба мавриди қадршиносӣ қарор дорад.

Қаҳрамониҳои кормандони тиб, ки ба савганди худ содиқ монда имрӯз бо муолиҷаи беморон машғул ҳастанд ворисони арзандаи Сино номид ва изҳор дошт, ки имрӯз баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии паҳншавӣ ва табобати мубталоёни бемории нави короновирус — COVID-19 тамоми донишу маҳорати касбии худро равона намоянд.

Дар шароити хуруҷи бемории сироятии коронавирус зарур шуморида шуд, ки ҷиҳати пешгирии авҷ гирифтани беморӣ байни аҳолӣ корҳои тарғиботиву ташвикотиро вусъат бахшида, мардумро баҳри риояи қоидаҳои гигиенӣ ва тавсияи табибон раҳнамоӣ кунанд.

Ба масулини соҳаи тандурустӣ дастур дода шуд, ки баҳри худмуҳофизатӣ, зери назорати қатъӣ қарор додани раванди робита бо мардум, ташкили маркази доимии машварат-онлайнҳо, таъмин намудан бо лавозимоти тиббӣ, корҷома, маводҳои антисептикӣ ва ниқобҳои тиббӣ, таъмин намудан бо наклиёти махсус барои фаъолияти табибони оилави ки байни мардум корбари менамоянд чораандеши карда шавад. Дар интиҳо Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода барои хизмати содиқона ва шабонарӯзи ба мардум ба табибони шарафманди ноҳияи Деваштич арзи сипос баён намуд.

Аз ҷониби роҳбари вилоят ба маркази саломатии Модару кӯдак дар ноҳияи Деваштич ба миқдори зарурӣ корҷома, маводҳои антисептик, ниқобҳои тиббӣ ва маводи дорувории антивирусӣ барои безараргардони маҳлули гипохлориди натрий дастрас карда шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 743
  • 1,151
  • 886,119