Бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо вазъи беморхонаҳо ва марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳои кишвар роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштҳои шабонаро ба роҳ мондааст.
Дар доираи ин иқдом шаби 14 майи соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва муовинони вазир Саида Умарзода, Мирҳамуддин Камолзода ва Шодихон Ҷамшед аз фаъолияти марказҳои саломатии № 6, 8, 10, 13, 14 ва дигар муассисаҳои тиббии пойтахт боздид ба амал оварданд.
Роҳбарияти вазорат аз рафти кори шабонаи кормандони марказҳои саломатии мазкур дидан намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар доираи боздиди хеш инчунин роҳбарияти вазорат бо фаъолияти телефонҳои боварии марказҳои саломатии болозикр шинос шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки бо мақсади саривақт расонидани ёрии аввалияи тиббӣ, пешниҳоди тавсияҳо ба шаҳрвандон дар тамоми марказҳои саломатии пойтахт телефонҳои боварӣ таъсис дода шуда, онҳо ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд.
Ҳамзамон, роҳбарияти вазорат зимни шиносоӣ бо фаъолияти марказҳои саломатии мазкур масъалаҳои таъмин намудани онҳо бо маводҳои доруворӣ, насби варақаҳои иттилоотӣ вобаста ба роҳҳои пешгирӣ аз сироятёбӣ ба коронавируси нави COVID-19 дар даромадгоҳҳо ва назорати беморонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимнан, ёдовар шудан ба маврид аст, ки айни замон роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати беморони сирояти коронавируси нави COVID-19 фаъолияти шабонарӯзиро ба роҳ монда, дар ин самт тамоми талош ва кӯшиши хешро равона намудааст.
Аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорем, ки қоидаҳои гигиенаи шахсиро қатъиян риоя намуда, аз ниқобҳои тиббӣ истифода намоянд.
Мо танҳо дар якҷоягӣ метавонем ба ин вирус ғолиб бишавем.