Боздиди вазир аз озмоишгоҳҳои зерсохтори вазорат

Боздиди вазир аз озмоишгоҳҳои зерсохтори вазорат
Май 13
16:09 2020

Роҳбарияти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати гирифторони сирояти коронавируси нави  COVID-19 тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст.

Бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан бо вазъи озмоишгоҳҳои ташхисӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз озмоишгоҳҳои  зерсохтори вазорат дидан намуд.

Ҳадаф аз боздиди вазир шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти   озмоишгоҳҳои зерсохтори вазорат мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки барои гузаронидани таҳлили лаборатории сирояти коронавируси нави COVID-19 тибқи талаботҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ озмоишгоҳи дорои бехатарии биологии дараҷаи 3-юм тавсия дода мешавад, ки айни ҳол танҳо Озмоишгоҳи тандурустии ҷамъиятии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгўи чунин талабот мебошад.

То баста шудани хатисайрҳои ҳавоӣ ба хориҷи кишвар намунаҳои таҳлилӣ барои баҳодиҳии сифати кори озмоишгоҳи вирусологии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба шаҳрҳои Москва, Навосибирск ва Лондон ба озмоишгоҳҳои референсии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ирсол мегардиданд. Ва натиҷа ҳамон натиҷаеро нишон медод, ки дар озмоишгоҳи вирусологии  хадамоти мазкур баҳогузорӣ  карда буд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 719
  • 1,103
  • 947,457