Боздиди вазири тандурустии Федератсияи Россия аз Донишгоҳи тиббӣ ва Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”

Боздиди вазири тандурустии Федератсияи Россия аз Донишгоҳи тиббӣ ва Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”
Март 02
15:57 2023

Имрӯз, 2 марти соли равон дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустии Федератсияи Россия Михаил Албертович Мурашко аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дидан намуд. Меҳмонро роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҳамроҳӣ намуданд.

Тазаккур  бояд дод, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва барномаҳои таълимии ихтисосҳои донишгоҳ пурра аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, ба талаботи стандартҳои Федератсияи ҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ мутобиқ гардонида шудаанд ва дорои Сертификати мутобиқат мебошанд.

Зимни боздид вазири тандурустии Федератсияи Россия бо рафти донишомӯзии донишҷӯён, шӯъбаҳои таълимӣ, таҷҳизоти навтарини донишгоҳ шинос шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, барои донишомӯзии донишҷӯён дар донишгоҳи мазкур тамоми шароит ва имконоти муосир фароҳам гардидааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки донишгоҳи мазкур бо зиёда аз 72 муассисаи илмию таълимӣ ва ташкилоти хориҷӣ ҳамкории судманд ба роҳ монда шуда, имрӯз донишгоҳ бо кишварҳои хориҷӣ, аз қабили Россия, Беларус, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Молдова, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Туркия, Италия ва ғайра ҳамкории зич дорад.

Ҷиҳати татбиқи шартномаҳои  ҳамкорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон мунтазам барномаҳои мубодилаи академӣ, мактабҳои тобистона ва тадқиқоти илмӣ-амалии муштарак амалӣ карда мешаванд. Тибқи мубодилаи академӣ, давоми соли 2022 19 нафар донишҷӯёни донишгоҳ ҷиҳати идомаи омӯзиш дар семестри баҳорӣ ва тирамоҳӣ ба Академияи давлатии тиббии Ижевски Федератсияи Россия равона карда шуданд.

Махсусан, аз ҳамкории донишгоҳ бо Академияи давлатии тиббии Ижевски Федератсияи Россия изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Дар идомаи боздид дар маҷлисгоҳи донишгоҳ вохурии вазири тандурустии Федератсияи Россия Михаил Албертович Мурашко бо роҳбарият ва олимону профессорони ин даргоҳи таълимӣ баргузор гардид.

Бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ вазири тандурустии Федератсияи Россия Михаил Албертович Мурашко бо унвони фахрии профессори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино сарфароз гардонида шуд.

Ҳамчунин вазири тандурустии Федератсияи Россия Михаил Албертович Мурашко дар дафтари  меҳмонони фахрии донишгоҳ соядаст гузошт.

Баъдан, номбурда ба Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” низ ташриф оварда, бо фаъолияти он шинос шуд.

Маврид ба зикр аст, ки Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” яке аз муассисаҳои калонтарини тиббию табобатии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Дар ин ҷо вазири тандурустии Федератсияи Россия Михаил Албертович Мурашко  аз бахшҳои ҷарроҳӣ дидан намуд.

Ба меҳмон иттилоъ дода шуд, ки маҷмааи мазкур бо навтарин таҷҳизот ва лавозимоти тиббии сатҳи ҷаҳонӣ таъмин буда,  дар он мутахассисони варзида ба беморон хизмат мерасонанд.

Махсусан, дар ин ҷо барои гузаронидани амалиётҳои ҷарроҳӣ низ тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Вазири тандурустии Федератсияи Россия ҳавасмандии хешро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо байни муассисаҳои таълимӣ ва тиббиву табобатии ду кишвар иброз дошт.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Апрел 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மார்ச்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 284
  • 638
  • 861,535