Чӣ гуна бояд дандонҳои кӯдаконро солим нигоҳ дошт? Ва ё иштибоҳҳои маъмулии волидон дар ин робита чӣ паёмадҳо доранд?

Чӣ гуна бояд дандонҳои кӯдаконро солим нигоҳ дошт? Ва ё иштибоҳҳои маъмулии волидон дар ин робита чӣ паёмадҳо доранд?
Феврал 11
10:18 2021

Аксари волидон дар бораи стоматологияи кӯдакон фаҳмиши нопурра ва  нодуруст доранд, ки сабаби ин  дар ҷомеа реша давондани андешаҳои ғалат мебошанд. Дар матлаби мазкур тасмим гирифтем, ки баъзе тасаввуротҳои ғалатро дар робита ба дандонпизишкии кӯдакон  зикр намоем ва роҳҳои ҳалли онҳоро манзур намоем:

Иштибоҳи 1: Табобати дандонҳои ширӣ муҳим нест, чунки онҳо доимӣ нестанд

Мустаҳкам будани дандони доимӣ аз солимии дандонҳои ширӣ вобаста аст, зеро аксари бемориҳои дандонҳои ширӣ метавонанд ба дандонҳои доимӣ гузаранд. Мушкилоти дигар бо ҷойгиршавии нодурусти дандонҳои ширӣ рабт дорад. Ин метавонад ҳатто дар синну соли калонтар боиси нороҳатӣ ҳангоми газидан ва хойидани луқма гардад. Дар ин ҳолат, дар кӯдак бешубҳа комплекси нороҳатӣ пайдо шуда, ба ташаккул ва зиндагии ӯ дар маҷмӯъ таъсири манфӣ мерасонад. Пас, дандонҳоро шурӯъ аз таваллуди кӯдак бояд эҳтиёт кард.

Иштибоҳи 2: Дандони кӯдаконро ҳар як дандонпизишк метавонад табобат кунад, бинобар ин, дар ҳолати пайдо шудани ягон беморӣ дар дандонҳои онҳо фавран ба дандонпизишки кӯдакона муроҷиат бояд намуд

Бояд гуфт, ки стоматологияи педиатрӣ соҳаи алоҳидаи дандонпизишкӣ мебошад, ки тамоми хусусиятҳои бадани кӯдакро дарбар мегирад. Дандонпизишкҳо ҳангоми кор бо кӯдакон асбоб, мавод ва доруҳои комилан гуногунро истифода мебаранд.

Стоматологияи кӯдакон чандин маротиба бедард буда, на ҳар як дандонпизишк метавонад бо кӯдакон кор кунад. Умуман, талабот ба дандонпизишкони кӯдакон хеле баланд аст, зеро ӯ илова бар дониши мукаммал дар соҳаи стоматология, инчунин бояд равоншиноси олӣ бошад то бо кӯдак ба осонӣ робита пайдо карда тавонад ва табобатро бе дард  анҷом диҳад. Ин барои кӯдакон, алахусус, аз ҷиҳати равонӣ бениҳоят муҳим аст.  Чунки агар табобати нахуст ба духтури дандон бидуни ташвиш ва дард сурат гирад, пас дар оянда  кӯдак бе тарсу ваҳм ба назди духтур ташриф меорад.

Духтурони мо метавонанд ташриф ба дандонпизишкони кӯдаконро ба як чизи хушҳолӣ табдил диҳанд. Қабл аз ба утоқи табиб рафтан, кӯдакон машғули бозӣ бо бозичаҳои гуногун, расмкашӣ, тамошои филмҳои тасвирӣ ва муошират бо  кӯдакони дигар мешаванд, ки дар натиҷа кӯдак бо эҳсосоти хуб ва дандонҳои солим  клиникаро тарк мекунад. Табиист, ки дар чунин ҳолат кӯдак тамоми умр бидуни ҳарос ба назди дандонпизишк рафтаву кулли тавсияҳои ӯро иҷро  хоҳад кард.

Иштибоҳи 3: Дандонҳои кариеси кӯдаконро назар ба табобат намудан кандан беҳтар аст

Исбот шудааст, ки кандани бармаҳали дандонҳои ширии кӯдакон ба мушкилоти ҷиддӣ, яъне мушкилоти баромадани дандони доимӣ оварда мерасонад, зеро пас аз кандани дандоне, ки аз кариес зарар дидааст, дандонҳои ҳамшафат аз ҷойҳои худ беҷо ва фазои холиро пур мекунанд. Дар ин ҳолат дандони доимӣ метавонад аз ҷои худ беҷо шавад.

Набудани дандонҳои ширӣ ба хоидани хӯрок таъсири  манфӣ мерасонад. Ғайр аз ин, дар чунин ҳолат инкишофи газидан, чеҳра ва нутқи кӯдак таъсири манфӣ мебинанд ва дар натиҷа камбудиҳои косметикӣ ба вуҷуд меоянд. Аз ин рӯ, табибон чунин мешуморанд, ки кариесҳои кӯдакона бояд сари вақт табобат карда шаванд.

Иштибоҳи 4: Агар кӯдакро ба духтури дандон тарсонед, пас ӯ аз пайи гигиенаи дандони худ мешавад

Ин ҳолат яке аз бузургтарин иштибоҳҳест, ки боиси тарс ва муносибати манфии кӯдак  нисбат ба духтури дандон мегардад ва то ба синни балоғат идома меёбад. Баръакс, ба кӯдак талқин намудан лозим аст, ки ташриф овардан ба духтури дандон манфиатовар аст. Ин амал дар аксар кишварҳои ҷаҳон анҷом дода мешавад ва мушкилии тарси кӯдакон аз дандонпизишкҳо дар чунин кишварҳо кайҳо ҳалли худро ёфтааст.

Дар ин кишварҳо табобати дандон хеле гарон аст ва мардуми он ҷо хуб медонанд, ки пешгирии бемориҳои дандон назар ба табобати баъдӣ хеле осон ва арзонтар аст. Аз ин рӯ, дар ин кишварҳо кӯдакон аз стоматологҳо наметарсанд.

Иштибоҳи 5: Кӯдак метавонад на бо хамираи махсуси дандоншӯӣ, балки бо хамираи дилхоҳ дандони худро бишӯяд

Кӯдакон дандонҳои худро ҳатман бояд бо хамираҳои махсусе, ки барои онҳо тавсия дода шудаанд, тоза кунанд. Ин хамираҳо маззаи хуб дошта, муҳим аз ҳама моддаҳои муҳофизатӣ доранд.

Дар навбати худ калонсолон бояд аз лаҳзаи баромадани дандонҳои кӯдак ба шӯстани онҳо шурӯъ кунанд. Пеш аз ҳама, барои ин шоткаи силикондорро, ки дар ангушт пӯшонида мешавад, истифода баранд ва баъдан наздик ба синни яксолагӣ расидан метавонанд шоткаи махсуси кӯдаконро дар шакли бозича истифода баранд. Чунин шотка ҳам муякҳои мулоим ва ҳам андозаи зарурӣ дорад ва бозича ба руҳияи кӯдак таъсири мусбӣ мерасонад. Шарти аз ҳама муҳим, ҳар рӯз, махсусан, субҳ ва шом дуруст шӯстани дандонро ба кӯдак омӯзонед.

Иштибоҳи 6: Истеъмоли нодурусти ғизо

Истеъмоли ғизои нодуруст яке аз сабабҳои асосии пайдоиши бемориҳои дандон дар кӯдакон ба шумор меравад. Бинобар ин, зарур аст, ки аз замони таваллуд  то сесолагӣ кӯдак бояд ҳатман шири модар истеъмол намояд. Шири модар арзишмандтарин манбаи ғизоӣ ва  дорои моддаҳои муҳофизатӣ мебошад. Муҳимтар аз ҳама, он барои кӯдак ҳамеша дастрас аст ва дар навбати худ ба афзоиш, рушд ва ташаккули дандонпизишкии кӯдак таъсири мусбии бузург мерасонад.

Умуман, маҳсулоти ширӣ барои рушди бадани кӯдак муҳим буда, он калтсий – унсури асосии дандон ва устухонҳоро дар кӯдак таъмин мекунад. Воқеан, боз як иштибоҳи маъмулии волидон ғизо додани  кӯдак бо омехтаҳои ширин ё афшураҳо, алалхусус шабона  мебошад. Ин ҳолат метавонад боиси бармаҳал пайдо шудани кариес дар дандонҳои ширии кӯдак гардад.

Иштибоҳи 7: Танҳо ҳангоми хуруҷи дарди дандон ва ё сар задани ягон мушкилӣ вобаста дандон дар кӯдакон ба дандонпизишк муроҷиат намудан лозим аст

Ин як иштибоҳи ҷуброннопазирест, ки оқибати он мушкилоти ҷиддӣ ба бор меорад. Аслан бори аввал кӯдакро бояд на дертар аз рӯзи таваллуд ба назди дандонпизишк бурд. Дар оянда агар кӯдак мушкилоти дандон надошта бошад, пас соле 2 маротиба ба назди духтури дандон бо мақсади пешгирии беморӣ ташриф  оврадан лозим аст. Ҳангоми зарурат бояд  ҳар 3 моҳ як маротиба ё бештар  волидон кӯдакро ба назди дандонпизишк оваранд. зеро дар ин ҳолат бемориҳо саривақт табобат карда  мешаванд. Аслан, дар давраи кӯдакӣ равандҳои патологӣ хеле зуд рушд мекунанд ва ташхиси сарвақтии онҳо имкон медиҳанд, ки табобат оддӣ, зуд, бедард ва арзон гузаронида шаванд. Ғайр аз ин, муоинаи пешгирикунандаи дандон дар кӯдак боиси тарсу ҳарос намешавад, зеро кӯдак дарк мекунад, ки табобати дандон ҳеҷ мушкилӣ  надорад.

Иштибоҳи 8: Давраи баромадани дандон дар тифл ҳамеша бо ҳарорати баланд, дарунравӣ ва дигар омилҳо ҷараён мегирад

Бояд гуфт, ки бархе аз тифлон дандон бароварданро бидуни ҳис кардани дард мегузаронанд, аммо аксарияти кӯдакон давраи асабоният, дард ва номуътадилии  хоб ва хӯрокхӯриро доранд. Дар баъзе ҳолатҳо ин раванд барои кӯдак бениҳоят дардовар аст. Дар сурати такрори чунин беморӣ, волидон бояд ба педиатр ё дандонпизишкони бачагона муроҷиат кунанд. Дар мавриди каме баланд шудани ҳарорати бадани кӯдак, он метавонад  сабаби варами милки дандон шавад, ки тавассути он дандонҳо пайдо мешаванд.

Иштибоҳи 9: Барои тарзи ғизоро дуруст газидани кӯдак  он замон машғул шудан лозим аст, ки дандони ширии кӯдак бо дандони доимӣ иваз мешавад

Фикр накунед, ки баромадани дандони нодуруст дар кӯдак танҳо ба ӯ мушкилоти косметикӣ эҷод мекунад, балки ин ҳолат метавонад мушкилоти ҷиддитарро ба вуҷуд орад, ба мисли вайроншавии дандонҳо, устухонҳои ҷоғу руй ва милки дандон. Ғайр аз ин, чунин ҳолат метавонад боиси фарсудашавӣ, хоидани бесамар, стрессҳои иловагӣ ва бемориҳои буғумҳои ҷоғ, ки боиси мигрени музмин, дарди рӯй ва гардан, инчунин мушкилот бо рудаю руда ва нафаскашӣ мешаванд, оварда расонад.

Стоматологияи муосир имкон медиҳад, ки мушкилоти мавҷуда дар ҳар синну сол бартараф карда шавад. Аммо, дандонпизишкон ин корро дар давраи кӯдакӣ тавсия медиҳанд, зеро ин раванд дар кӯдакон вақти камтарро талаб мекунад. Исбот шудааст, ки кӯдакон мавҷудияти дастгоҳҳои ортодонтӣ дар даҳонашонро хеле осонтар таҳаммул мекунанд ва аз будани он шарм намекунанд ва ҳатто аксар вақт аз брекетҳои рангоранг, дар шакли ҳайвонот ё ситораҳо ифтихор доранд. Беҳтарин синну сол барои муоинаи профилактикии кӯдак аз ҷониби ортодонт 6-7 солагӣ  муайян карда шудааст. Маҳз дар ҳамин синну сол аввалин дандонҳои доимӣ пайдо мешаванд ва муайян кардан мумкин аст, ки оё кӯдак дар ҷойгиршавии дандонҳояш мушкили дорад ё не. Агар мушкиле пеш ояд, ортопедия роҳҳои таъсир расонидан ба самти афзоиши дандонҳо, ислоҳи суръати рушд ва андозаи ҷоғҳоро пайдо мекунад.

 Ҳангома Мавлонназарова,

духтури дармонгоҳи кӯдаконаи

стоматологии рақами 2-и шаҳри Душанбе

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 710
  • 1,103
  • 947,448