Чин ва Тоҷикистон: ҳамкориҳо дар самти паст кардани сатҳи камбизоатӣ

Чин ва Тоҷикистон: ҳамкориҳо дар самти паст кардани сатҳи камбизоатӣ
Июл 29
13:26 2019

Имрӯз, 29 июли соли равон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед бо ноиби президенти Институти стратегияи  “Як камарбанд як роҳ”-и Донишгоҳи Чинхуаи Чин  Хуанг Деҳаи мулоқот намуд.

Вохурии мазкур дар доираи лоиҳаи “Тадқиқоти ҳамкориҳои байналмилалӣ барои коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ” ва тибқи супориши Маркази байналмилалӣ оид ба коҳиши сатҳи камбизоатии кишвари Чин  баргузор гардид.

Шодихон Ҷамшед, муовини  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон зимни суханронии хеш аз ҳамкориҳои ду кишвари дӯсту бародар-Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар  ёдовар шуда, аз ҷумла иброз намуд, ки дар ин самт талош ва кӯшишҳои роҳбарони ду кишвар Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷаноби Си Ҷинпин хеле назаррас мебошад.

Дар идома ӯ иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои вобаста ба камбизоатӣ диққати махсус зоҳир намуда, дар ин самт якчанд санадҳоро қабул намудааст. Ӯ иброз намуд, ки хушбахтона сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон маҳз дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ паст карда шуда истодааст.

Ноиби президенти Институти стратегияи “Як камарбанд як роҳ”-и Донишгоҳи Чинхуаи Чин  Хуанг Деҳаи зимни суханронии хеш иброз намуд, ки ҳадаф ва мақсади ташрифи онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳӣ ёфтан аз вазъи камбизоатӣ дар кишвар мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар кишвари Чин Маркази байналмилалӣ оид ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ фаъолият менамояд, ки мақсади он паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Ҷонибҳо вобаста ба паҳлуҳои гуногуни  масъалаи мазкур мубодилаи афкор намуда, барои ҳамкорӣ ҳавасмандии хешро иброз намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 720
  • 1,103
  • 947,458