Чорабинии бошукӯҳи идона бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии бошукӯҳи идона бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ноябр 16
17:08 2023

Имрӯз дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 16 ноябр-Рӯзи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи идона доир гашт, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини вазир Шодихон Ҷамшед, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат, роҳбарони муассисаҳои тандурустии ҷумҳуриявӣ ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Чорабинии идона бо иҷрои Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби иштирокчиён ба таври зинда оғоз гардид.

Пасон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ҳозирин ва дар симои онҳо кулли мардуми сарбаланди Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати ин санаи фархунда табрик ва муборакбод намуд.

-Аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд.

Мақсад аз рӯзи ид муқаррар гардидани рӯзи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон, марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст,-иброз дошт номбурда.

Гуфта шуд, ки дар ин рӯз ба иқболи миллати мо шахсе ба вазифаи Президентӣ интихоб гардид, ки Тоҷикистонро аз хатари нобудшавӣ нигоҳ дошта, рушди минбаъдаи онро таъмин намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардум, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватан, фароҳам оварандаи шароити арзанда барои мардуми кишвар ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудааст.

Воқеан ҳам, хизматҳои беназири Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати миллии тоҷикон, барқарории ҳокимияти давлатӣ ва истиқлолият, пешгирии хатари нобудшавии миллат, хомӯш намудани оташи ҷанги дохилӣ ва барқароркунандаи сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият хеле бузург аст.

Дар идомаи чорабинӣ зикр гардид, ки дар сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мақоми хоса касб намуда, баҳри рушд ва пешрафти соҳа дар ин самт як қатор тадбирҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд.

Махсусан, дастгирӣ, заҳмат ва дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи пандемияи COVID-19 нисбати соҳаи тандурустӣ нишонаи олии самти афзалиятнок будани соҳа ба ҳисоб меравад.

Маврид ба зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ  Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба бо кормандони соҳаи тибби мамлакат мулоқоту вохурӣ доир намуда, масъалаву мушкилоти ин соҳаро баррасӣ карданд ва доир ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба солимии ҷомеа, тандурустии модару кӯдак, ҳуқуқи иҷтимоии шаҳрвандон ва дигар мушкилоти ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас доданд ва дар ин замина ба ислоҳоту азнавсозии ҷиддии соҳа  такони ҷиддӣ бахшиданд. Чунин иқдом  имкон дод, ки нишондиҳандаҳои солимии аҳолӣ беҳтар гардида, дар амалияи тиббӣ усулҳои нави муосири пешгирӣ, ташхису табобат ворид карда шаванд.

Гуфта шуд, ки мо мардуми шарафманди тоҷик ин талошу заҳматҳои шахсияти беназир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадр намуда, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҷашни фархунда, чун рамзи садоқат ба Президент – садоқат ба Ватан таҷлил менамоем.

Баъдан, сардори шӯъбаи ҳуқуқи вазорат Рабиев Шералӣ доир ба нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди давлатдории навини тоҷикон маърӯза намуд.

Дар анҷоми чорабинии идона доир ба ҷоннисорӣ ва саҳми беназири Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу ваҳдат ва таъмини рушди бомароми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳозирин филми пурмуҳтаво намоиш дода шуд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Май 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஏப்    
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 958
  • 1,219
  • 899,374