Чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ноябр 23
17:11 2023

Имрӯз, 23 ноябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола дар мамлакат санаи 24 ноябр бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад, чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Абдухолиқ Амирзода ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Сипас муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат  Ғафур Муҳсинзода бо сухани табрикотӣ баромад намуда, ҳозирин ва дар симои онҳо кулли сокинони шарафманди Тоҷикистонро ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуда, таманнои онро намуд, ки бигзор Парчами давлатӣ ҳамеша дар фазои софу беғубори Ватани азизамон парафшон бошад.

Қайд гардид, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.

Ҳамзамон дар чорабинӣ сармутахассиси шӯъбаи ҳуқуқи вазорат доир ба мақому манзалати Парчами давлатӣ маърӯза намуд.

Гуфта шуд, ки мақсад аз таҷлили санаи мазкур эҳтиром ба ин рамзи давлатӣ, бедор намудани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносии шаҳрвандони мамлакат, аз ҷумла насли ҷавон мебошад.

Имрӯзҳо бо шарофати ҷавонпаҳлавонони тоҷик Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ парафшон гардида, боиси ифтихору сарфарозии кулли тоҷикистониён мегардад.

Бо парафшон гардидани Парчами давлатӣ ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ эҳсоси ватандорӣ дар қалби ҳар соҳибватан бедор мешавад.

Зикр намудан ба маврид аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баландтарин парчам, ки дарозии сутуни он 165 метр аст, рӯзи 24-уми майи соли 2011 дар шаҳри Душанбе барафрохта шуд.

Дар ин замина, ёдовар шудан ба маврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои кориашон ба шаҳру навоҳии мамлакат майдонҳои Парчами давлатӣ ва Нишонро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳанд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Апрел 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மார்ச்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 469
  • 612
  • 863,561