Чорабинии тантанавӣ бахшида ба хатми донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба хатми донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ
Июн 07
15:36 2024

Имрӯз, 7-уми июни соли равон дар толори Синои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бахшида ба муносибати хатми имсолаи донишҷӯёни ин даргоҳи таълимӣ чорабинии тантанавӣ  баргузор гардид, ки дар он  муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, роҳбарият ва устодону донишҷӯёни муассисаи мазкур иштирок намуданд.

Дар чорабинии тантанавӣ ректори муассисаи таълимии мазкур Маҳмадшоҳ Гулзода   ва муовини  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода бо сухани тарбикотӣ баромад карданд.

Дар навбати худ баромадкунандагон хатмкунандагони имсоларо бо ин рӯзи дар ҳақиқат ҳам хотирмону фаромушношуданӣ -ҷамъбасти бомуваффақияти таҳсил дар таълимгоҳи олии тиббии ҷумҳурӣ ва сазовор гаштан ба номи пуршарафи табибӣ cамимона табрику таҳният гуфта, ба ҳар кадомашон хушрӯзиву саодатмандии рузгор ва дар фатҳи қуллаҳои орзу муваффақиятҳои беназирро таманно карданд.

Қайд гардид, ки хатмкардагони ин даргоҳ заминаи устувори кадрии бисёр муассисаҳои пешқадами тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд ва боиси ифтихору сарфарозист, ки сол то сол сатҳи дониш ва малакаи хатмкунандагони он боло меравад, ки ин аз талошу заҳматҳои хастанопазири устодони ин  муассисаи олии таълимӣ гувоҳӣ медиҳад. Ҳамаи ин дастовардҳо бошанд, тавассути сиёсати сулҳҷуёна ва хирадмандонаи Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гаштааст. Дар як муҳлати начандон тӯлонии таърих Тоҷикистони азизи мо чӣ дар соҳаи иқтисод ва чӣ дар сиёсату иҷтимоиёт ба дастовардҳои назаррас ноил гашта, эътибори худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле баланд намуд. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба рушду инкишофи маориф ва тандурустӣ ҳамчун соҳаҳои афзалиятнок ҳамеша диққату эътибори ҷиддӣ дода, дар ин росто қарору қонунҳои зиёдеро қабул ва  амалӣ намуда  истодааст.

Дар тамоми  мулоқотҳои хеш бо аҳли маориф Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста қайд менамоянд, ки ҳадафи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат дар соҳаи маориф-ин пеш аз ҳама гузоштани заминаи устувор барои тарбияи созандагони ҷомеаи пешрафта, яъне наврасону ҷавонони имрӯза мебошад, зеро бунёди ҷомеаи муосир ва давлати пешрафта  бидуни насли соҳибмаърифату донишманд ва мутахассисони баландихтисос ғайриимкон мебошад. Бешак,  ин ҳадафи олӣ дар назди  мутахассисони ҷавони соҳаи тиб низ масъулияти ҷиддиеро пеш мегузорад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар навбати худ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати васеъ ҷорӣ намудани имкониятҳои навтарини технологияҳои инноватсионӣ дар самтҳои гуногуни соҳа давоми солҳои соҳибистиқлолии давлатӣ корҳои зиёдеро анҷом дод  ва ин анъана айни замон бомаром идома дорад.  Махсусан, дар ин давра дар муассисаҳои тиббии мамлакат як қатор усулҳои нави табобат ҳангоми нуқсонҳои вазнини модарзодии дил, амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии гурда, ҷигар, иваз намудани буғуми рон ва зонуи беморон ба буғуми сунъӣ, усулҳои нави ҷарроҳӣ дар чашм, ҷоғу рӯй, ҷарроҳиҳои батн ва ҷарроҳиҳои асаб тавассути дастгоҳҳои муосири эндовидеоӣ, ҷарроҳиҳои нодир ҳангоми саратони сурхной амалӣ гашта, ҳамзамон тавассути ҳуҷайраҳои бунёдӣ муолиҷаи беморони дилу рагҳо  низ ба роҳ монда шудаву усулҳои эндоурология ва сангшиканӣ низ дастраси аҳолӣ гардиданд.

Дар чорабинии тантанавӣ як қатор хатмкунандагон ва падарону модарон низ суханронӣ намуданд.

Пешниҳоди барномаи консертӣ бо иштироки ҳунармандони шинохта анҷомбахши чорабинии мазкур буд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июн 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« மே    
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 863
  • 1,045
  • 914,608